Раҳими Мусулмониён дар Сари Осиё ба хок супорида шуд.

Дирӯз, 3 июн ҷанозаи марҳум Раҳими Мусулмониён баъди нисфирӯзӣ дар масҷиди Сари Осиё баргузор шуд ва баъд ӯро дар қабристони бузургон-Сари Осиё ба хок супориданд.


Дар маросими ҷанозаи ӯ чеҳраҳои саршиноси адабу фарҳанги тоҷик ширкат ҷуста, ба пайвандонаш даргузашти марҳумро таслият арз намуданд.

Бояд гуфт, тақрибан миёнаҳои дирӯз хабари даргузашти Раҳими Мусулмониён дар расонаҳо паҳн шуд. Расонаҳ аз қавли пайвандони ӯ навиштанд, ки Раҳими Мусулмониён тайи солҳои ахир аз бемории ранҷ мебурд ва нисфирӯзии дирӯз ба ҳақ пайваст.

Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ 1938 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиён дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушод. Соли 1962 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонда, ва баъдан корашро дар факултаи филолгоҳияи ҳамин донишгоҳ, ки онро хатм карда буд, оғоз кард. Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ як аз пуркортарин мунаққидони соҳаи адабиётшиносии тоҷик буд, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳаракатҳои озодизоҳӣ ва эҳёи миллӣ пайваст ва дар қатори муассисони Ҳизби демократии Тоҷикистон қарор гирифт.

Ӯ дар аввалҳои оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон аз Душанбе ба Самарқанд ва аз он ҷо ба Эрон рафт ва то солҳои 2006 дар он ҷо боқӣ монд. Аз соли 2006 ба ватан баргаш, вале дигар бемор буд, дар маҳофили Тоҷикисон ҳузур пайдо накард. Пайвадонаш мегӯянд, ӯ  дар поёни умараш ба бемории фаромушхотирӣ гирифтор буд ва то замони маргаш аз ин беморӣ азият мекашид.

Аз ӯ таълифоти арзишманде ба ёдгор мондааст. Аз ҷумлаи китобҳои ӯ, ки китобҳои руйимизии алоқмандони соҳаи адабиётшиносиян, метавон аз инҳо ном бурд: «Назарияи адабиёт» «Посух» ва…..

Руҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод.

Аҳли сомонаи !Tajikantimes» даргузашти ӯро зоеъаи бузург барои миллати тоҷик медонад ва дустону дусторонаш ва пайвандонаш аз даргоҳи Худованд  муттаъол сабри ҷамил хоҳонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *