Рафоат Абдусаломова дар мактаби таҷрибаҳо аз таҷрибаҳояш гуфт

Рафоат Абдусаломова аввалин наттоқи телевизиони тоҷик дар “Мактаби таҷрибаҳо”-и Академияи ВАО-и Тоҷикистон бо журналистони ҷавон мулоқот кард ва аз таҷрибаҳои хеш гуфт…

“Ман фаъолияти худро он вақте оғоз кардам, ки дар Тоҷикистон телевизион набуд. Соли 1959 вақте бори аввал телевизиони тоҷик ба кор оғоз кард, дар баробари ахбор барномҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ мустақиман таҳия мешуданд. Имкони сабту мантаж набуд. Кадр намерасид. Шоирону нависандагон, ҳунармандону олимон ва коршиносони соҳаҳои гуногунро даъват мекардем ва онҳо зинда баромад мекарданд. Оҳиста-оҳиста техникаи нав ворид шуд, кори телевизион пеш рафт, равнақ ёфт. Банда 45 сол дар телевизион кор кардам ва чандин давраи рушду такомули онро аз сар гузаронидам. Ифтихор мекунам, ки бо шахсиятҳои фарҳехта фаъолият кардам” – гуфт, номбурда.  

Дар идомаи вохӯрӣ Рафоат Абдусаломова ба сифати наттоқи аввалин интихоб шуданашро чунин ёдовар шуд:

“Вақте, дар курси якуми факултети филологияи ДМТ таҳсил мекардем, чанд нафар аз телевизиони навтаъсис  омада, моро ба озмуни наттоқон даъват карданд. Яке аз онҳо ба ман нигариста таъкид кард, ки шумо ҳам биёед. Ҳамин тавр, 3 давраи озмунро гузаштему маро ғолиб эълон карданд. Бо ҳамин 3 октябри соли 1959 телевизиони тоҷик бо ҷумлаҳои — «Ассалому  алейкум, тамошобинони азиз! Студияи телевизиони Сталинобод барномаи аввалини худро оғоз мекунад”, ки ман қироат кардам, ба фаъолият оғоз кард. Ҳамин ҳарфҳоро Валентина Исаева бо русӣ гуфт”.

Рафоат Абдусаломова дар идомаи вохӯрӣ аз тавлид ва таҳияи  барномаҳои хеш «Дугонаҳо», «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Муҳаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» ва ғайра нақлҳои ҷолиб кард.

Ҳамчунин, ӯ дар мавриди сатҳи барномаҳои телевизиони имрӯз чунин изҳори ақида кард:

“Телевизиони тоҷик имрӯз ҳамқадами замон аст. Техникаи пешрафтаи замонавӣ дорад. Фақат мебояд кор карду барномаҳои ҷолиб таҳия намуд”.

Мавриди ёдоварист, ки Рафоат Абдусаломова баъди фаъолияти қариб нимасра дар телевизион бознишаста шуд, вале бекор нанишаст. Ӯ аз таҷрибаи кории хеш китобҳои “Телевизион – оинаи зиндагӣ”, “Наттоқ, чеҳраи телевизион”, “Телевизион ва психалогияи инсон”-ро навишт, ки айни замон маводи дарсии донишҷӯён ва кӯмакрасони журналистони ҷавон аст. 

Соли равон китоби “Парвози дил”-и Рафоат Абдусаломова ба нашр расид, ки дар он ашъори дар солҳои гуногун навиштаи ӯ шомил гардидааст. Ба китоби ӯ Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса сарсухан навиштааст.

Уғулой Қутбиддинзода,

донишҷӯйи факултаи журналистикаи ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *