Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Рафтию ғами марди ҳунар дар дили ман монд

Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон дар марги сарояндаи шинохтаи тоҷик Қурбоналӣ Абдуллоев марсия навишт.

Қурбоналӣ Абдуллоев баъди ду моҳи мубориза бо бемории COVID-19 шоми 11 январ дар Душанбе аз олам даргузашт. Қурбоналӣ Абдуллоев, сарояндаи саршиноси тоҷик ду моҳ инҷониб аз бемории коронавирус ранҷ мебурд  ва дар бемористони сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт табобат мегирифт.

Ҳунарманди маҳбуб солҳои дароз дар ансабли «Дарё» фаъолият мекард ва баҳори соли гузашта аз саҳна канор рафт. Қурбоналӣ Абдуллоевро дар байни мардум бо сурудҳои: «Занги телефон», «Алвидоъ», «Қишлоқаки ман», «Модар», «Куҷо меравӣ азизам» ва «Хаёли хом», ки бо сароянда Лола Азизова месарояд, мешиносанд.

МАРДИ ҲУНАР

Дар сӯгвории Қурбоналӣ Абдулло

Рафтию ғами марди ҳунар дар дили ман монд,

Дар ҷодаи худ синасипар дар дили ман монд.

Дидам ба дами хондани ту гиряи мардум,

Ҳар қатра чу покизагуҳар дар дили ман монд.

Дар ларзиши ту ларзиши умри гузарон буд,

Ин хотира ҳангоми сафар дар дили ман монд.

Як беҳунар аз саҳна даме дур туро кард,

Ғамдории сад дидаи тар дар дили ман монд.

Тарҳи ту дигар нест дар ин хонаи ҳастӣ,

Хунгиряи фарзанди падар дар дили ман монд.

Ҳарчанд,ки хомӯшӣ,аё булбули саҳна,

Ширинии он ширу шакар дар дили ман монд.

Муҳаммад Ғоиб

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Наврӯз 12.01.2021 17:18

    Дигар ки мехонад чунин баланду олӣ шеъри туро Қишлоқаки ман!
    Руҳат шод хонаи охиратат обод бод!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.