Роҳи ҳалол ва ҳароми пулёбӣ дар журналистика

7 май рӯзи байналмиллалии радио аст. Маҳз дар ҳамин рӯз, 18 сол қабл дар фазои иттилоотии Тоҷикистон Радиои Ватан арзи ҳастӣ намуд, ки имрӯз яке аз муваффақтарин радиоҳои кишвар аст. Дар остонаи ин ду ҷашн директори кулли Радиои Ватан Субҳон Ҷалилов меҳмони барномаи “Корзина” —  ютубканали Pressa.tj шуд ва ба чанд суоли мо посух гуфт.

Ровӣ: аз радио то телевизион

— Шумо дар як мусоҳиба гуфтед, ки агар таъмиргари мошин мешудед, ҳатман беҳтарин усто мебудед. Ҳоло, ки ровиед, худатонро беҳтарин мешуморед?

— Агар худамро беҳтарин ровӣ гуфтан мехостам, ҳамон ҷо мегуфтам, вале принсипи ман дар зиндагӣ ин аст, ки ҳар кореро анҷом медиҳам бояд хуб бошад, вагарна бояд онро тарк кунам. Ҳоло кӯшиш карда истодаам, ки  ровии хуб бошам.

— Шумо тӯйгардӣ ҳам мекунед. Пул ёфтан паҳлуи мусбати ин кор аст, паҳлуи манфии он чист?

— Дар тӯй корҳое мешавад, ки интизор нестед, вале сабр кардан даркор. Масалан, як маст пеши шумо омада дасташаро ба гарданатон монда мегӯяд: “Ака бгу ҳамон ҳофиза як найбазма бмона”… 

-Шумо ровии барномаҳои телевизионӣ ҳам ҳастед. Паҳлуҳои мусбату манфии ин корро метавонед бигӯед?

-Барои шинохта шудан, даҳ барномаи радиоӣ ба як барномаи чандсонияи телевизион баробар аст. Тарафи манфии кор дар телевизион шахсан барои ман ороиши зиёд ва ба қолабҳо даромадан мебошад.

— Ҳозир дар телевизион кадом барномаҳоро пеш мебаред?

— Айни замон танҳо барномаи “Интелект шоу”.

-Барномаи “Субҳи Ватан”-ро гурӯҳи корие омода мекунад. Ин гурӯҳ аз чанд нафар иборат аст?

— Барои шунавандаам ман ҳамин хел вонамуд мекунам, ки дар пушти ин барнома ҳазор нафар меистад. Ва баъзан дар эфир ҳам мегӯям, ки барои ман 12 мушовир хизматмерасонад, 14 нафар матн омода мекунаду 11 нафар ба тарҷума машғул аст. Ба хотири чашм накардани шунавандаҳо аст, ки 18 сол барномаи 3 соатаро фақат як нафар омода мекунад.

— Дар мо як одати бад аст, ки ба ҷойи фикр кардан нусхабардорӣ мекунем. Аз бахшҳои бешумори “Субҳи Ватан” кадоме фикри худатон аст ва кадоме нусхабардорӣ шудааст?

— Баъзе бахшҳо нусхабардорӣ шудаанд, аммо аз радиоҳои маҳаллӣ не. Дар натиҷаи сафарҳои хориҷӣ ва шунидани радиоҳои он кишварҳо баъзе бахшҳоро мо ба “Субҳи Ватан” илова кардем, аммо ҳангоми истифода намуданашон  ба онҳо ҷомаи тоҷикӣ пӯшондем.

— Шумо бисёр озод суҳбат мекунед. Дар мо чунин ҳарф заданро беэҳтиромӣ ба забони модарӣ мегӯянд. Оё ба шумо эрод мегиранд?

— Вақте ки мо оғоз кардем ба ғайр аз чанд рӯзномаҳои расмӣ дигар рӯзномаҳо ҳатто рӯзномаҳои ҳизбӣ маро танқид карда буданд. Ба хотири дар эфир ханда кардану шӯхӣ карданам. Вале мо аз системаи классикӣ барвақт баромадаем ва дар замони мо ровӣ метавонад дар барномааш шӯхӣ кунад, метавонад хандад ва ҳатто садои қошуқи чояш ҳам садо диҳад.

— Шумо ҳоло директори кул ҳастед, чӣ тағйиротро ҳис мекунед?

— Ягон тағйироти фавқуллода ё ғайриодӣ то ҳол эҳсос накардем. Ҳамчун радиои хусусӣ аз нигоҳи иқтисодӣ мушкилӣ мекашем, аммо мо кӯшиш карда истодаем, ки шароити корамонро беҳтар кунем, таҳҷизоти навро ёбем ва шумораи барномаҳоямонро низ бештар намоем. Инчунин, се чор нафар кормандони ҷавонро ба кор қабул кардем, то хуни тоза дар шарёни “Ватан” ба гардиш ояд.

— Маоши радиои “Ватан” то кадом андоза ба рӯзгори кормандон созгор аст?

— Барои чанд рӯз кифоя аст. Вале радио ҳамеша ба коргар имконият фароҳам меорад. Мо ба бачаҳо маоши 1000 то 2000 сомонӣ пешниҳод мекунем ва, инчунин, ба онҳо имконият медиҳем, ки реклама нависанд, дар маҳфилҳо ё барномаҳои телевизионӣ ровӣ шаванд ва ғайра.

“Тазод”-ҳо ва пешниҳодҳо

— Шумо блоги шахсии худро доред ва он ҷо баъзе андешаҳои худро менависед. Блоги шумо чанд хонанда дорад?

-То имрӯз зиёда аз 300 ҳазор нафар ба блоги ман ворид шудаанд. Ҳамарӯза сад-дусад нафар ба он ҷо сар мехалонанд.

— Дар блогатон зери рубрикаи «Тазод» масъалаҳои доғи ҷомеаро матраҳ мекунед. Яке аз охирин матлабҳое, ки дар ин гӯша навиштед ҷойи кор наёфтани ҷавонон аст…

-Ҷавонони мо аз ҷойи кор наёфтану маоши муносиб надоштан шикоят мекунанд. Ин фикр бо сабабе пайдо шудааст, ки бачаҳои мо якбора мехоҳанд пули зиёд ба даст оранд. Вале қабул карда наметавонанд, ки пас аз хатми мактаби олӣ ва давраи бетаҷрибагӣ бояд ба маоши 700-800 сомонӣ кор кунанд.

Субҳон Ҷалилов — Википедия

-Доир ба системаи таълим дар макотиби миёна ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ гуфтаед: “Бачаҳои мо аз синфи 2-3 забонҳои хориҷӣ мехонанд, аммо боз аксарашон намедонанд…” Пас, чӣ бояд кард?

— Системаи таълим такмил мехоҳад. Бояд аз таҷрибаи дигар давлатҳо истифода бурд, имконият дод, ки муаллим аз доираи лексияи дарсӣ берун барояд, қолабшиканӣ кунанд, бо бачаҳо наздик шавад ва онҳоро хубтару беҳтар фаҳмида ба қадри фаҳмишашон дарс гузарад.

— Бачаҳои Шумо берун аз барномаи таълимӣ чӣ мехонанд?

— Онҳо забонҳои англисӣ ва олмонӣ хонда истодаанд. Айни ҳол ҳар дуяшон ба забони англисӣ озодона сухан гуфта метавонанд.

— Дар мо аз навиштан фоида аст?

— Худатро сабук ҳис мекунӣ ва каме ҳам бошад ором мешавӣ.

Унвонҷӯи ва насли нав

— Хабар дорем, ки чанд сол қабл нияти дифои рисолаи илмиро доштед. Қиссаи унвонҷӯии шумо бо чӣ анҷомид?

-Чор сол унвонҷӯи кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ будам, ҳоло дар фикри такмили кор ва ҳимоя ҳастам. Тақрибан 50 фоизи корро ба итмом расонидаам  ва саросема нестем. Мехоҳам тамоми паҳлуҳои ин мавзӯъро таҳқиқ кунам.

— Фикр накардаед, ки дар факултети журналистика дарс гузаред?

— Не, аввал бояд ҳимоя кунам. Агар фикри дарс гуфтан ба бачаҳо пайдо шавад ҳам ман ба шарте розӣ мешавам, ки дарс дар радио гузарад. Зеро бачаҳоро бояд каме ҳам бошад, аз аудитория берун карда, бо муҳити амалӣ ошно кард.

Субхон Джалилов: «Для меня радио - это всё»! | Вечёрка

—  Як роҳи ҳалол ва ҳароми пулёбӣ дар журналистикаро метавонед бигӯед?

— Роҳи ҳалоли пулёбӣ ин барномаҳои бисёртар сохтану дар тӯю маросимҳо ҳалол кор кардан. Роҳи ғайри ҳалоли пулёбӣ бошад, мавқеъ ва фикреро мегӯед ё тарғиб мекунед, ки худатон зидди он ҳастед.

— Ташаккур барои суҳбат ва 18-солагии “Ватан” фархунда бод!

— Саломат бошед!

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *