Русия Каримовро ба Шекспир баробар кард

Думаи шаҳри Маскав пешниҳоди дар пойтахти Русия гузоштани муҷассамаҳои адиби маъруфи англис Уилям Шекспир ва раисиҷумҳури собиқи Узбекистон Ислом Каримовро пазируфт. Мунтақидон дар як сатҳ гузоштани Каримов бо Шекспирро таҳқири рӯҳи муаллифи «Шоҳ Лир” ва «Отелло” меноманд.

Дума – маҷлиси қонунгузори шаҳри Маскав рӯзи 21 декабр пешниҳоди дар кӯчаи Варваркаи пойтахти Русия гузоштани ҳайкали драматурги шӯҳратёри англис Уилям Шекспир ва насби муҷассамаи раисиҷумҳури нахустини Узбекистон Ислом Каримов дар кӯчаи Болшая Полянкаро пазируфт. Ин ду муҷассама бо қарори вакилон ба рӯйхати осори ҳайкалтарошиву ороишии муҳими пойтахти Русия шомил карда шуданд.

Гузоштани ҳайкали Уилям Шекспир дар кӯчаи Варварка дар назди осорхонаи «Старый Английский двор” аз сӯи Шӯрои Бритониё ба шаҳрдории Маскав расида буд. Ин ниҳоди масъули равобити фарҳангии Бритониё 15 миллион рубл харҷи сохтану гузоштани ҳайкали Уилям Шекспирро ба дӯши худ гирифтааст.

Мунтақидон дар пайи эълони қарори Думаи Маскав билофосила онро ба боди шадиди интиқод кашиданд ва гуфтанд, дар як сатҳ гузоштани Уилям Шекспир бо он мероси бебаҳое ки барои тамаддуни башарӣ боқӣ гузоштааст, бо як ҳокими худкомае ба мисли Ислом Каримов ба сари худ таҳқири рӯҳи муалифи «Ҳамлет”-у «Отелло”-ст. Мояи дигари интиқод ин аст, ки барои муҷассамаи хоксоронаи Шекспир 15 миллион рубл ҷудо шудааст ва онро ҳам Бритониё пардохт мекунад, вале барои ҳайкали Ислом Каримов аз буҷаи шаҳри Маскав 35 миллион рубл ҷудо кардаанд.

Ҳайкали Ислом Каримов, қарор аст, дар гулгашти байни бинои рақами 39/1-и кӯчаи Болшая Полянка ва бинои рақами 13-уми тангкӯчаи Казачий дар наздикии сафоратхонаи Узбекистон гузошта шавад. Ин гулгашт алакай ба номи Ислом Каримов гузошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *