Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Сафина”- шабакаи мардумӣ. Зарина Раҳимӣ кист?

-Ҳар субҳ, вақте аз хоб бедор мешавам, аввалин коре, ки мекунам, равшан кардани телевизор аст, зеро дар баробари корҳои хона барномаи субҳгоҳии “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон”-и “Телевизиони Сафина”-ро тамошо кардан бароям одат шудааст. Ровии хушандом ва хушсадои ин барнома Зарина Раҳимӣ бароям мисли дугона аст, зеро субҳи ман бо дидани ӯ оғоз мешавад, – мегӯяд ҳамсояи мо апаи Чамангул.

Гумон мекунам барои муаррифӣ кардани як ровии муваффақ ҳамин ҳарфи мухлис, ки нишони эътирофи ҳунару маҳорати ӯ аст, кифоя мебошад.

Зарина хатмкардаи риштаи журналистика нест, вале меҳру хоҳиш ва истеъдоде, ки дар вуҷудаш дошт, ӯро ба дарёи пуртуғёни рӯзноманигорӣ андохт.  Қабл аз он ки сарнавишташро ба “Сафина” пайвандад, дар телевизиони “Ҷаҳоннамо” ва Агентии “Азия плюс” фаъолият карда, таҷриба андӯхтааст.

Зарина Раҳимӣ ба “Телевизиони Сафина” тариқи озмун роҳ ёфт. Фаъолияти кории ӯ аз Идораи барномаҳои иттилоотӣ шурӯъ шуда, баъдан лоиҳаҳои муаллифиро роҳандозӣ кард, ки маъруфтарини онҳо “Ситораи торнамо”, “Зӯри зеҳн”, “Тақвими рӯз”, “Мегӯянд, ки…” ва “Хотираҳо” мебошанд.

Барномаи “Хотираҳо” барномаи мусиқӣ аст, ки ҳадафи он бузургдошти устодони санъат ва ба ин васила дар хотири тамошобин зинда нигоҳ доштани таронаҳои маъруфи онҳост.

“Сафина” ҳамчун як шабакаи фарҳангӣ тамошобинони хеле зиёд дорад. Он дар баробари як шабакаи фарҳангӣ будан, ҳамзамон барномаҳои иттилоотии саҳеҳу сареҳ низ пешниҳод мекунад. Барномаҳои таҳлилии мо тамошобини зиёд доранд”-мегӯяд Зарина. 

Барои Зарина Раҳимӣ “Телевизиони Сафина” даргоҳи муқаддас аст.

-“Сафина” бароям мактаб аст. Ҳар рӯз аз ин телевизион дарси нав меомӯзам. Онро бароям хонаи дуюм меҳисобам. Ман ба ин даргоҳ эҳтироми хеле зиёд дорам.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.