Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Саодат Азизова: Худо мегӯям, ки дар ин шабурӯз намирам (Видео)

Театр, синамо, барномаҳои телевизионӣ, тарсу ҳароси соли 2020, фавтидани ҳамкасбону ҳамсолон, офаридани нақшҳои бад, унвони ҳунарпешагон ва нолиданҳову моҷароҳои рафта, инҳо ва дигар мавзӯъҳоро дар барномаи интернетиямон бо номи “Корзина” бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Саодат Азизова матраҳ намудем.

-Шуморо намедонам, аммо ман фикр мекунам, ки коронавирус дар ҷомеаи мо аз ҳама зиёд аҳли фарҳанг, олимон ва умуман зиёиёнамонро ба доми аҷал партофт. Шумо вақте ки хабари марги  ин ё он зиёиро мешунавед, чӣ гуна қабул мекунед?

Корзина #15 бо Нуруллоҳ Абдуллоев

-Бо аламу дард ва сахт андӯҳгин  мешавам.  Фикр мекунам, ки муносибати мо -ҳунармандони бо ҳамдигар аз муносибати намояндагони дигар касбҳо фарқи калон дорад, зеро мо ҳамеша дар сафарҳову барномаҳои ҳунарием ва дар бораи якдигар зиёдтар медонем.

Хабари сиёҳи ҳамкасбонам маро аз худ бехуд мекунад, беҳолу бемадор мекунад, аммо чӣ илоҷ тақдиру насиб будааст.

Саодат Азизова дар мавриди чӣ маъно доштани марг барояш чунин гуфт:

-Марг барои ман охири кор нест, зеро боварӣ дорам, ки пас аз мурдан зиндашавӣ ҳаст ва боз дар он дунё ҳам вомехӯрем.

Корзина #18 бо Хуршед Мустафоев

-Муаллима, шумо аз мурдан метарсед?

-Аслан дар ин дунё касе поянда нест, ҳама миранда аст, вале Худо мегӯям, ки дар ин шабурӯз ва аз ин вабо намирам. Худо мегӯям, ки як порча кафан насибам кунад.

Шакли видиоиро инҷо бинед

Рӯзҳои наздик шакли видеоии барнома дар ютубканали PRESSA TJ ва шакли чопияш дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” манзури бинандагону хонандагон мегардад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj