Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шашмақамсарои шинохта Маҳмадсаид Аҳмадов даргузашт

Ҳунарманди маънисаро, қиссаву достонсаро  Маҳмадсаид Аҳмадов имрӯз, 14-уми июн аз олам даргузашт. Ӯ 66 сол дошта, зодаи шаҳри Ҳисор мебошад. Дар ин бора овозхони шинохта  Фурқати Саид хабар дод.

Маҳмадсаид Аҳмадов бо тахаллуси Қорӣ Маҳмадсаиди Ҳисорӣ 10 феврали соли 1955 дар  деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст.

Ӯ коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро хатм намудааст. Ба сифати ҳунарманд 1975-1976 дар ноҳияи Данғара, 1976-1977 ноҳияи Лахш, 1978-1981 ноҳияи Нуробод ва аз 1981 то поёни умр дар шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор фаъолият дошт.

 Бештар суруду тарона ва қиссаву достонҳои орифона месуруд ва кулли офаридаҳояш аз маънӣ бархӯрдор буданд. “Хуш намеояд маро”, “Шамъи дилафрӯз”, “Бар намеояд”, “Қадри якдигар”, “Ёди рӯи ту”, “Ба тоҷик”, “Таърих гувоҳ аст”, “Қадри нон”, “Шукрона”, “Ман зи Оли Сомонам”, “Насиҳат ба фарзанд”, “Табъи гуҳарбор”, “Суроғи кӣ будӣ?”, “Азиз аст” аз беҳтарин таронаҳояш ба шумор мераванд. Бо медали “Хизмати шоиста” қадр шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.