Сирки Русия дар Душанбе монд. Ҳунармандону ҳайвонот гуруснаанд?

Қурбон Зоиров, муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон вазъи будубоши ҳунармандони Сирки Русия ва сарусадоҳо атрофи гурусна будани ҳайвонҳоро дар суҳбат бо Pressa.tj шарҳ дод.

Аз 22 феврал то 29 марти соли ҷорӣ ҳунармандони Сирки Русия ба кишвари мо сафари ҳунарӣ доштанд ва дар ин муддат барои ҳаводорони ин навъи санъат ҳунарнамоӣ карданд. Вале баробари ба итмом расидани сафари ҳунармандон дар Русия коронавирус хурӯҷ кард ва тамоми хатсайрҳо баста шуданд. Табиист, ки ҳунармандони сирк дар Душанбе монданд…

Дар расонаҳо овоза шуд, ки гӯё шароити зист, хурду хӯрок ва будубоши ҳунармандони рус ва ҳайвоноти эшон бад аст. Ҳатто нафароне пайдо шуданд, ки хостанд ба ин нафарон кумак кунанд ва чӣ гуна алаф доданашонро ба уштур дар саҳифаҳои иҷтимоӣ кориданд.  

Вале муовини директори Сирки давлатии Тоҷикистон Қурбон Зоиров, овозаҳои бад будани вазъи будубоши ҳунармандони Сирки Русияро зимни суҳбат бо мо рад кард.

“Ҳунармандони Сирки Русия моҳи феврал бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон омада буданд, вале бо сабаби вазъияти баамаломада дар Душанбе монданд. Ҳоло 8 нафар ҳунармандон 20 намуди ҳайвоноти Сирки Русия дар кишвари мо ҳастанд, ки мутаассифона, бо сабабҳои айнӣ ба кишварашон рафта наметавонанд”.

Ҳамчунин, Қурбон Зоиров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар расонаҳо беасос вазъи будубоши ҳунармандонро бад арзёбӣ мекунанд, ҳол он ки шароити онҳо хуб аст.

“Ҳоло вазъи ҳунармандони рус бо ҳайвонҳояшон бисёр хуб аст. Онҳо бо дастгирии Вазорати фарҳанг дар меҳмонхонаи “Фарҳанг” ҷойгир карда шудаанд ва аз меҳмондориву меҳмоннавозии тоҷиконаи мо бисёр хурсанд ҳастанд. Ногуфта намонад, ки онҳо бо хӯроки гарм ва шароити хуб таъмин мебошанд”.

 Инчунин, мавсуф дар мавриди тамрини ҳунармандон ва ҳайвоноташон гуфт, ки аз вақте фаҳмиданд ба муҳлати номуайян ба кишвари худ рафта наметавонанд, ҳафтае 2-3 маротиба омада дар сирк машқ мекунанд ва ба онҳо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.

Ба гуфтаи масъули Сирки давлатӣ, онҳо ҳадаф доранд, ки рӯзҳои наздик бо ҳамроҳии ҳунармандони рус ва як қисми ҳайвоноташон сирки сайёр ташкил кунанд ва ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сафари ҳунарӣ дошта бошанд.

“Мо ният дорем, ки ҳамроҳи дӯстони русамон ба шаҳру ноҳияҳои Данғара, Леваканд Норак ва ғайра сафари ҳунарӣ дошта бошем ва дар наздиктарин фурсат инро ташкил мекунем” – гуфт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *