Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Суманак- давои дарду нӯши ҷон

Мардуми мо суманакро ширинии шифобахш гуфта, бо ният мехӯранд. Мехоҳам донам, ки оё воқеан, хусусиятҳои шифобахшии cуманак дар илм исбот шудааст ё не? Марҳабо, ш. Бохтар

Ба саволи шумо, доктори илми тиб, профессор Юсуф Нуралиев посух мегӯяд.

Табиист, ки аксари одамон дар баҳор хоболуду хастаҳол мешаванд. Ин нотобиҳо аз «дарунсахтӣ» ва аз қабзият (иллатҳои зимистону баҳоp) рух медиҳанд. Тибби қадимаи Шарқ ва табибони мардумӣ, чунин нотобиҳоро аз таъсири рутубати зимистон, вайронии вазъи хилтҳо (мосоти бадан, хун, балғам сафро) медонистанд. Барои аз чунин норасоиҳо эмин будан тибби қадима ва табибони шаҳири  Шарқ, тарзу омилҳои зиёдеро тавсия додаанд.

Дар байни мардум панду ҳикматҳои зиёд оид ба ҳампайвандии инсону табиат, таъсири фаслҳои сол ба вуҷуди инсон мавҷуданд ва аксари ин ҳикоятҳо то ҳол моҳияти амалии худро  гум накардаанд. Барои фаҳмидани моҳият ва асрори шифоии суманак мо бояд, пеш аз ҳама, он тағйироту норасоиҳоеро, ки зимистону баҳор дар ҷисми инсон рух медиҳанд, аз диди тибби имрӯз таҳлил намоем. Илми тиб сабаби дар зимистон ва аввали баҳор ланҷу хасатагии одамон, инчунин гирифтори қабзият ва як қатор нотобиҳо шудани онҳоро ба  реҷаи хӯрок вобаста менамояд.  Зимистои аксари одамон меваҷот ва сабзавотро кам истеъмол мекунанд. Бинобар ин, дар ҷисми онҳо норасоии як қатор ғизоҳо амсоли витаминҳо, намакҳо (яьне макро  ва микроэлементҳо), кислотаҳои органикӣ, тилф (пектинҳо, гемоцеллюлоза ва ғ.) рух медиҳад. Дар ин ҳолат кори рӯдаҳо, ҳазми хӯрок, мубодилаи равғану дигар моддаҳо номураттаб гардида, пасмондаҳо пурра хориҷ намешаванд. Махсусан, намакҳои фосфор, калтсий, уратсо ва ғайра пурра ҳазм нашуда, дар пайвандҳо таҳшин мегарданд ва дасту пойҳоро ба дард меоваранд. Аз норасоии витаминҳо камхунӣ ба вуҷуд омада, одам худро хеле хаставу хоболуд ҳис мекунад ва баъзан паи ҳам ба зукому гулӯдард ва дигар бемориҳо гирифтор мегардад. Fизо ва кори муътадили рӯдаҳо дар ихроҷи моддаҳои ҳазмнашуда асосан, ба мавҷудияти пектин ва гемоселлюлозаи таркиби ғизоҳои наботӣ, аз он ҷумла меваю сабзавот вобаста аст.

Буқроти, бузург фармудааст, ки “хӯроки шумо бояд дору ва дармони шумо бошад». Агар аз рӯи ин панди судманд амал намоем, суманак маҳз ягона шириниест, ки баробари хуштаъму болаззат буданаш боз хосиятҳои зиёди шифоӣ низ дорад.

Барои исботи фикр ба таркиби кимиёии суманак назар менамоем. Ҳангоми неш задани донаи гандум ва сабзиши он дар таркиби тухм ва майсаи он миқдори зиёди витамини Е (қариб 10 мг), кислотаи парааминобензоат ё витамини афзоиш пайдо мешавад. Дар таркиби майсаи гандум ва, аз ин рӯ, дар худи суманак миқдори зиёди пектину гемоселлюлоза, оҳан, намаки калий ва як қатор микроэлементҳои барои инсон зарур низ мавҷуданд. Истеъмоли ҳамаи ин микроэлементҳо ҷисмро бо витамини Е таъмин намуда, фартутии рагҳои хунгард ва сустии баданро бартараф мекунад. Тилф ва гемоселлюлозаи таркиби суманак  кори рӯдаҳоро қавӣ, афзоиши микробҳои зарурии дохили онро ба низом оварда, баръакс инкишофи микробҳои зарароварро қатъ мегардонад. Ба хун ҷаббидани холестерин кам шуда, кислоттуршиҳои талха меафзояд. Аз ин рӯ, қабзияту «дарунсахтӣ» бартараф гардида, дар талхадон санг пайдо намешавад. Моддаҳои ширешмонанд ё пектини таркиби суманак бисёр заҳрҳои ғуншудаи меъдаро безарар менамояд.

Миқдори зиёди оҳани таркиби суманак ба гардиши муътадили хун мусоидат мекунад. Калий, ки дар таркиби суманак ҳаст, бо пардаи ҳуҷайраҳои ҷигар, дил ва дигар узвҳои бадан таъсири муфид расонда, баробари ин пешобро афзуда, ихроҷи пасмондаи ғизоро метезонад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.