Тақвими рӯз: Аз мавлуди Деҳотӣ то Рӯзи соҳибкорону рӯйдодҳои ҷаҳон

Имрӯз, 14 октябр мавлуд доранд:

Абдулаҳад Ашӯров (1956), 65-солагии зодрӯзи олими соҳаи физика.

Фарҳод Деҳотӣ (1941-1998), 80-солагии зодрӯзи адабиётшинос-арабшинос.

Наср Бобои Сарфароз (1951), 70-солагии зодрӯзи нависанда.

14 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон- Рӯзи соҳибкорон.

***

Рӯзи ҷаҳонии стандартикунонӣ.

***

Дар Беларус- рӯзи Модар.

***

Дар Россия- рӯзи кормандони мамнӯъгоҳҳо.

РӮЙДОДҲО:

14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил ёфт.

***

14 октябри соли 2003 дар Душанбе бозиҳои V Осиёи марказӣ оғоз гардиданд, ки дар онҳо беш аз 700 нафар варзишгарон аз кишварҳои минтақа иштирок намуданд.

***

14 октябри соли 1851 дар Англия Агентии иттилоотии «Рейтер» ташкил ёфт.

***

14 октябри соли 1901 яке аз бузургтарин садамаҳои баҳрии асри ХХ ба вуқӯъ пайваст: дар ҳавои номусоид дар Байкал киштии «Потапов» ғарқ шуд, ки бар асари он тақрибан 200 нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

14 октябри соли 1905 дар Париж Федератсияи байналмилалии аэронавтика таъсис дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *