Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақвими рӯз: Аз мавлуди Наргис Бандишоева то рӯйдодҳои ҷаҳон

Имрӯз, 8 октябр шахсиятҳои зерин мавлуд доранд:

Наргис Бандишоева (1966-1992), 55-солагии зодрӯзи сароянда.

Лутфия Исматова (1966), 55-солагии зодрӯзи доктори илми педагогӣ.

Павел Степанов (1906-1988), 115-солагии зодрӯзи доктори илми тиб, профессор.

Раҳмат Эшонов (1956), 65-солагии зодрӯзи журналист.

НаргисБандишоева  яке аз номдортарин овозхонон ва ситораи ҳунару фарҳанги мусиқии Тоҷикистон аст. Наргис 8 октябри 1966 дар Душанбе дар хонаводаи оҳангсози маъруф Ҳукуматшоҳ Бандишоев ва ҳамсараш Бунафша Бекова зода шуда буд. Вай бародарзодаи ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон овозхони номдор Савсан Бандишоева ва оҳангсозу наққоши маъруф Марватшоҳ Бандишоев мебошад.

8 октябр таҷлил карда мешавад:

Дар Тоҷикистон- Рӯзи кишоварзон ва кормандони хоҷагии деҳқонӣ.

***

Дар ИМА- рӯзи миллии кӯдакон.

Рӯйдод:

8 октябри соли 2014 дар Душанбе фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» баргузор гардид.

***

8 октябри соли 1926 бори нахуст дар ҷаҳон дар радио аз ҷараёни бозии футбол гузориш пахш гардид.

***

8 октябри соли 1818 англисҳо бори аввал дар бозии бокс аз дастпӯшакҳо истифода бурданд.

***

8 октябри соли 1925 зани англис Элен Ҷоэл аввалин бонуе гардид, ки дар мусобиқаи аспдавонӣ ғолиб омад.

 ***

8 октябри соли 1967 дар Англия бори нахуст дастгоҳи муайянкунандаи машруботи спиртӣ дар бадани ронандагон мавриди истифода қарор дода шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.