Тағйироти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг

Ноҳиди Фозил, сардабири рӯзномаи “Анбоз” бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш барканор шуда, ба ҷояш Робияи Холмирзо таъин шуд. Ноҳиди Фозил сардабири маҷаллаи «Фирӯза» таъин шуда, дар ин мақом Саодат Ҳайдарзодаро иваз кард.

Дар ин бора имрӯз, 3-юми август фармоиши вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ба имзо расид.

Робияи Холмирзо то ин дам сардабири маҷаллаи “Истиқбол” буд, ки ҳамагӣ се сол пеш ба ин вазифа расид.  Саодат Ҳайдарзода бошад, курсии Робияи Холмирзоро соҳиб шудааст. Инчунин, Дилшод Раҳимӣ директори Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ таъин гардид.

Аз рӯи маълумоте, ки дастраси сомонаи Pressa.tj шуд, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода тасмим гирифтааст, ки дар тамоми нашрияҳои тобеи ин вазорат тағйироти кадриро амалӣ намояд.

Ёдрас мешавем, ки «Фирӯза« — маҷаллаи ҷамъиятиву фарҳанги Тоҷикистон аст.Он нашрияи расмии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Мавзӯъҳои маҷалла ҳаёти иҷтимоии занон ва духтарон, саҳми бонувон дар илму маориф ва фарҳанги мамлакат мебошад. 1 майи соли 1932 шумораи нахустини маҷалла барои занони коргару деҳқон бо унвони «Бо роҳи ленинӣ» бо теъдоди 4000 нусха бо хати лотинӣ нашр шудааст.

Ин маҷалла дар тӯли солҳои мавҷудияташ бо номҳои «Занони Тоҷикистони советӣ» ва «Занони Тоҷикистон» низ чоп мешуд. Аз оғози солҳои навадуми асри гузашта маҷалла бо ибтикори сардабири он шоира Мавҷуда Ҳакимова номи «Фирӯза»-ро гирифт. Имрӯз «Фирӯза» яке аз нашрияҳои бонуфузи кишвар буда, дар тамоми манотиқи кишвар хонандагони худро дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *