Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ташхис: Озарахшу Фарзона КОРОНАВИРУС нестанд (Видео)

Шоирони шинохтаи тоҷик Фарзона ва Озарахш аз рӯзи 13 апрел дар бемористони навбунёди Шайх Бурҳон, дар ҷамоати Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти карантин қарор доштаанд. Дар ин бора яке аз наздикони шоира Фарзона ба сомонаи Pressa.tj хабар дод.

Хушбахтона, ташхиси ҳарду вуҷуди коронавирусро дар бадани шоирони маҳбубамон ошкор накардааст.

Бино ба иттилои расида, ҳарду бар асари таби баланд ва сулфа дар ин бемористон бистарӣ карда шуданд. Ба гуфтаи наздиконашон, ҳоло саломатии ҳарду хуб аст, вале табибон ҳанӯз аёдати Фарзона ва Озарахшро барои наздикону дӯстон ва мухлисонашон иҷозат намедиҳанд.

Фарзонаи Хуҷандӣ моҳи гузашта шеъри мунҳасир ба фардеро дар мавзӯи коронавирус бо сабки муноҷот ба Худованд нашр карда буд ва як гуруҳи ҳунармандони хуҷандӣ ин шеърро ба оҳанг дароварда, клипашро пешкаши мардум карданд.

Мо дар каноратон ҳастем, Устодони маҳбуб ФАРЗОНА ва ОЗАРАХШ! Худованд бароятон шифои комил ва оҷил ато кунад!

МУНОҶОТИ ФАРЗОНА БА ХУДОВАНД: ХУДОҶОН, АЗ БАЛО МОРО НИГАҲ ДОР!

Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор,
Замину осмонҳоро нигаҳ дор.
Балорову ваборо дур андоз,
Тамоми пиру барноро нигаҳ дор.
Бимон, фарзанди одам рӯз бинад,
Навонав насли фардоро нигаҳ дор.
Ман ин ҷову ҷигарбанди ман он ҷост,
Ту ин ҷорову он ҷоро нигаҳ дор.
Замин чун гавҳаре рӯи кафи туст,
Ту ин лӯълӯи лолоро нигаҳ дор.
Худо гӯянд акнун бехудоён,
Ки, ё Раб, тоқи миноро нигаҳ дор.
Ба Наврӯзи нав овардӣ ҷаҳонро,
Баҳори тозаэҳёро нигаҳ дор.
Бани Одам якаъзо мешавад боз,
Ту ин пайванди зеборо нигаҳ дор.
Бароям Тоҷикистон тоҷи дунёст,
Худоҷон, тоҷи дунёро нигаҳ дор.
Суман нуру чаман нуру ватан нур,
Ту ин нури Таъолоро нигаҳ дор!

Ҳамдардӣ ба ҳама мардуми олам, ки аз дасти офат дар карантин нишастааст. Шеър аз ОЗАРАХШ

Чӣ даҳшатест, Худоё, салом мумкин нест,
Зи даст бар дили дасте паём мумкин нест

Ба пешвози азизон намекашӣ оғӯш,
Дар ин замона ба ҳам эҳтиром мумкин нест

Чӣ офате, ки ҷаҳонро нишонд дар хона,
Ба кӯчаҳо гузари издиҳом мумкин нест

Садои сурфаи худро фурӯ барад мардум,
Зи бими ранҷи карона зуком мумкин нест

Навои хониши булбул ба гул чӣ ғамгин аст,
Ба гӯши ёр нафас аз калом мумкин нест

Худои муждарасон, роҳи офият бинамо,
Ки ин маризи балоро давом мумкин нест.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.