Тоҷикон аз «Чилучорчашма» чӣ мехоҳанд?

Суҳбат бо мардумшиноси амрикоӣ Бринтон Аҳлин

Бо номи мардумшиноси амрикоӣ Бринтон Аҳлин, ки ба омӯзиши тоҷикон ва Тоҷикистон машғул аст, қаблан ошно будам. Огоҳӣ доштам, ки ӯ муддате дар “Чилучорчашма” зиндагӣ карда, тадқиқот анҷом дод ва дар Ню Йорк рисолаи илмӣ дифоъ намуд ва  бо бонуи тоҷик оиладор шуд. Дирӯз дар Душанбе бо ҷаноби Аҳлин ногаҳон вохӯрдам. Суҳбати кӯтоҳи сарироҳие, ки бо эшон доштам пешкаши шумо мешавад.

Сарнавиште, ки ба Тоҷикистон пайваст

-Ҷаноби Бринтон, чӣ омил сабаб шуд, ки Тоҷикистонро меҳвари омӯзиши хеш қарор додед?

-Вақте ман ба факултети мардумшиносии Донишгоҳи Чикаго дохил шудам, забони русӣ ва форсиро омӯхтам. Чун таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ бароям ҷолиб буд, лоиҳа пешниҳод кардам ва ҳамин тавр бори аввал соли 2008 ба Тоҷикистон омадам.

-Барои чӣ Тоҷикистон?

-Ба фикри ман ин тақдир аст. Тавре гуфтам, омӯзиши Иттиҳоди Шӯравӣ бароям шавқовар буд ва чун забони форсиро медонистам, ба Тоҷикистон омадам, ки замоне дар тобеияти ин кишвари паҳновар буд. Дар Амрико таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ хеле зиёд пажӯҳиш шудааст, вале аз нигоҳи мардумшиносӣ таҳқиқот кам аст. Чун мардумшиносии ИМА солҳои охир ба масъалаи муҳоҷират таваҷҷуҳ дорад, таҳқиқоти нахустини ман низ оид ба муҳоҷирати тоҷикон ба Русия буд. Як сол дар вилояти Суғд, дар деҳаи Сӯфиориф зиндагӣ кардам. Ҳам забонро омӯхтам, ҳам пажӯҳишамро ба поён расонидам ва ҳам ба Тоҷикистон ошиқ шудам.

-Дар ин сафар ҳамсаратонро низ интихоб кардед?

-Бале. Ҳамсарам шиноси як шиносам буд. Ӯ гуфт, ки бо як духтар, ки мехоҳад забони англисиашро такмил диҳад, ошно шавам. Ман, ки тоҷикиро бештар омӯхтанӣ будам, бароям ҳамсуҳбат лозим буд. Ҳамин тавр, бо занам шинос шудем. Соли 2008 ба Амрико баргашта рисолаи дипломиамро дифоъ кардам ва тариқи гранти Fulbright — Фулбрайт ба Тоҷикистон омадам. Ин барнома имкон медиҳад, ки донишҷӯёни тоҷик ба Амрико ва баръакс аз Амрико ба Тоҷикистон оянд. Яъне, табодули донишҷӯён аст. Ҳамин тавр, соли 2009 ба Тоҷикистон баргаштам ва оиладор шудам.

-Тӯй дар куҷо шуд?

-Мо аввал дар Тоҷикистон тӯй кардем ва баъди як сол дар Амрико. 

Асрори “Чилучорчашма”

-Таҳқиқоти бунёдии шумо оид ба боварҳои мардуми тоҷик ба “Чилучорчашма” аст. Омили аслии интихоби ин мавзӯъ чист?

-Вақте ман ба аспирантура дохил шудам таърихи наздики яке аз мазорҳои Тоҷикистонро бояд меомӯхтам. Ба Тоҷикистон омада чанд мазорро гаштам ва билохира “Чилучорчашма”-ро интихоб кардам, зеро шайхҳои он маро хуб пазироӣ карданд ва маълумоти фаровон доданд. Ҳамин тавр, соли 2015 як сол дар атрофи чашма зиндагӣ карда, пажӯҳиш анҷом додам. “Чилучорчашма” дар даврони шӯравӣ ва имрӯз меҳвари омӯзиши ман буд.

-Пажӯҳиши шумо аз чӣ иборат буд?

-Кори этнографӣ чӣ маънӣ дорад? Ман бояд урфу одатҳо, боварҳо ва эътиқодоти мардумро мушоҳида карда, пажуҳиши худро ба анҷом мерасонидам. То мардумшинос дар маҳали таҳқиқоташ зиндагӣ накунад, ба натиҷаи назаррас ноил намешавад. Ман дар назди чашма меистодам ва бо одамон суҳбатҳо мекардам: Барои чӣ ба ин ҷо меоянд? Бо кадом ният омадааанд? Дар бораи ин макон чӣ медонанд? Ва монанди ин.

-Гуфтед, ки таърихи наздики “Чилучорчашма”, яъне замони шӯравиро омӯхтед. Бардошти илмии шумо чӣ гуна аст.

— Байни олимон баҳсҳо зиёд аст дар масъалаи Ислом дар даврони Шӯравӣ. Доир ба паҳлӯҳои мухталифи ин мавзӯъ дар Амрико ва умуман дар дунё таҳқиқот ва таълифоти зиёде ҳаст. Ман ҷанбаи мардумшиносии ин масъаларо дар асоси як мазори Тоҷикистон, яъне “Чилучорчашма” ва боварҳову эътиқодоти мардум таҳқиқ кардам.

Ҷасорати Низорамоҳ Зарифова

-Дар даврони Шӯравӣ “Чилучорчашма” борҳо мавриди баҳсу мунозираҳо қарор гирифта, хатари нестшавӣ бар он таҳдид мекард…

-Бале. Соли 1929-1931 “Чилучорчашма”-ро аввал бастанд, сокинони атрофашро 7-10 километр кӯчониданд ва дар он ҷо Колхози ба номи Ленин бунёд карданд, ки ин колхоз чун Колхози шайхҳо машҳур шуд. Баъдан, “Чилучорчашма”-ро истироҳатгоҳи коргарони колхоз эълон карданд. Бо вуҷуди ин, мардуми атроф эътқодашонро ба ин макон аз даст надоданд. Ҳамеша рафта меомаданд, зиёрат мекарданд, об менӯшиданд ва ният мекарданд. Яъне сиёсати шӯравӣ натавонист боварҳои мардумро коста кунад. Солҳои 60-ум воқеан, хатари нестшавии “Чилучорчашма” ба вуҷуд меояд, ки Котиби сеюми Ҳизби комунистии Тоҷикистон Низорамоҳ Зарифова ин маконро ҳимоя мекунад.

-Чӣ тавр?

-Барои ман ҳам ҷолиб буд, ки чӣ тавр як мансабдори баландмақоми комунист як макони диниро ҳимоя кардааст.  Зимни таҳқиқот ман нашрияҳои “Известия” ва “Правда”-ро мутолиа карда, бо ин баҳс вохӯрдам. Соли 1963 филме ба навор гирифта мешавад, ки дар он “Чилучорчашма” сахт интиқод мешавад, вале Низорамоҳ Зарифова онро на ҳамчун макони муқаддаси динӣ, балки чун арзиши миллӣ, мероси гузаштагон ва истироҳатгоҳ дифоъ намуд.

Оинаи мардум

-Шумо зимни пажӯҳиш бо нафарони зиёде вохӯрдед, ки бо ният ба “Чилучорчашма” меоянд. Мардум бештар чӣ орзу доранд?

— Аз ҳама бештар бо нияти фарзанддоршавӣ. Албатта, барои осоншавии дигар мушкилоташон ҳам меоянд. Ҳатто бо нафаре вохӯрдам, ки қабл аз дифои рисолаи илмӣ омада буд, ки бобарор ҳимоя кунад.

-Орзуву омоли мардуми оддӣ то чӣ ҳад ба мардумшиносӣ муҳим аст?

-Орзуву ниятҳои мардум оинаи онҳост. “Чилучорчашма” оинаи мардуми тоҷик аст. Ва омӯзиши он барои шинохти мардум бисёр муҳим аст.     

-Феълан “Чилучорчашма” макони истироҳату тафреҳ ҳам ҳаст…

-Бале аз замони шӯравӣ чунин аст. “Чилучорчашма” ҳам ҷойи муққадас аст, ҳам истироҳатгоҳ. Ҳар нафар метавонад ба он ҷо биравад, аз табиати зебо лаззат барад, аз оби шифобахши он нӯшад, ва ҳам нияти нек карда, баргардад.

-Яке аз самтҳои асосии таҳқиқи шумо дини Ислом дар замони шӯравӣ аст. Аз суҳбат бо мардум чӣ таассурот доштед? 

-Қабл аз он ки бо шайхҳо суҳбат карданӣ шудам, бовар доштам, ки онҳо замони шӯравиро барои фишор овардан болои эътиқод ва расму оинашон интиқод мекунанд, вале баръакс, чун суҳбат мекардам, онҳо замони советиро таъриф мекарданд.

-Сабаб чӣ буд?

-Ба хотири он ки дар он давра таъминоти иҷтимоӣ хуб буд. Мардум сер буданд, ба таҳсилу табобати бепул дастрасӣ доштанд, бинобар ин, онҳо аз Шӯравӣ розӣ ҳастанд, бо вуҷуди он ки озодиҳояшон маҳдуд буд. Дигар ин ки зимни таҳқиқот ман ба як раванди аҷиб вохӯрдам.  Бисёр фармонҳо аз Маскав то Душанбе, аз он ҷо то ба вилоят ва аз вилоят ба ноҳияҳо расидан тағйир меёфтанд. Ин раванд ҳам ҷолиб аст. Маҳз ҳамин аст, ки “Чилучорчашма” барин мазорҳо ва маконҳои динӣ аз байн нарафтанд.

-Мардуми тоҷикро чӣ гуна дарёфтед?

-Шояд ин стреотип ҳам бошад, меҳмондӯстиву инсондӯстии тоҷиконро дар дунё назир нест.

Дар Тоҷикистон шиноси шиноси шиносро ҳам чун дӯсти худ қабул мекунанд.  Як мисол меорам. Соли 2015 вақте ба “Чилучорчашма” рафтам, назди шайх даромада фаҳмонидам, ки бояд як сол дар гирду атрофи чашма зиндагӣ карда, пажӯҳиш барам. “Майлаш, дар хонаи ман меистед”-гуфт ӯ, ҳатто лаҳзае фикр накарда. Мо амрикоиҳо ҳама чизро дақиқ мекунем, шартнома мебандем, бинобар ин, ба шайх иҷорапулиро маслиҳат карданӣ шудам. “Не. Писархонди ман мешавӣ! Бе ҳеҷ чиз туро қабул мекунам”- гуфт ӯ. Ин нафар номаш Ҳоҷӣ Исмоил аст, ки як сол дар хонаи ӯ истодам. Албатта, дар охир, кӯшиш кардам, ки ӯро розӣ кунам, вале агар ҳеч чиз ҳам намедодам, ӯ талаб намекард. Ин чиз дар ягон ҷойи дигари дунё нест.

-Тоҷикон чӣ хислати бад дорад?

-Ин савол ба ман маъқул нест. Ман меҳмон ҳастам. Дар ҳар мамлакат ҳар хел одам ҳаст ва ин хислати як халқро нишон намедиҳад. Тоҷикон мардуми хуб ҳастанд, вале фақат дилам месӯзад, ки дар пешбурди зиндагӣ душворӣ мекашанд…

-Кадом хӯрокҳои тоҷикиро дӯст медоред?

-Шӯрбо. Агар нони танӯрии гарм бошад, тар карда хӯрӣ боз аҷоиб.

-Ҳамсаратон тоҷик аст. Бештар бо кадом қоидаҳо зиндагӣ мекунед?

-Аралаш. Ростӣ, бештар ба тарзи амрикоӣ зиндагӣ мекунем, вале ҳаракат мекунем, ки урфу одатҳои тоҷиконро низ нигоҳ дорем. Ман ҳам тоҷик шудагӣ гӯям ҳам хато намешавад. Ягона фарқияти ман аз мардони тоҷик ҳамин аст, ки пухтупазро дӯст медорам ва аз мардони тоҷик бештар дар ошхона хӯрок мепазам.

-Бо тоҷикони Амрико равуо доред?

-Ҳозир ба Чикаго кӯчидем, ки тоҷикон дар он ҷо камтар ҳастанд. Вақте дар Ню Йорк будем, бо тоҷикон албатта равуо доштем.

-Дар мавриди илми Тоҷикистон хабар доред?

-Бале, ман мутолиа кардаам таҳқиқот ва таълифоти олимони тоҷикро, вале бояд гӯям, ки дар ин ҷо ба илм машғул шудан душвор аст.

-Китобатонро дар мавриди “Чилучорчашма” чоп кардед?

-Дар ҳоли таҳриру такмил аст. То соли дигар ба нашр мерасад.

-Дар оянда дар кадом самт кор карданӣ ҳастед?

-Ман чанд фикр дорам. Тоҷикшиносон дар Амрико кам ҳастанд. Илоҷ бошад бештар дар бораи зиндагии мардуми тоҷик тадқиқот мебарам. Ҳозир мехоҳам дар бораи забони тоҷикӣ нависам, албатта ҷанбаи мардумшиносии онро. Бештар мехоҳам забони матбуоти шӯравиро муқоиса кунам бо забони имрӯз. То кадом андоза забон бо урфу одатҳои мардум алоқаманд асту тағйир ёфтааст. Яъне ҷанбаи этнолингвистикии онро.

-Ба шумо барор мехоҳам.

-Ташаккур.

Мусоҳиб Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *