Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тунд рафтӣ, бубин куҷо рафтӣ?

Табиист, ки бузургмардони олам умри кӯтоҳ мебинанд. Ба ёд меорем  А.С. Пушкин, М. Лермонтов, С. Есенин, В. Маяковский, Ҳ. Юсуфӣ, П. Толис, Искандари Хатлонӣ, Қувватбек Давлат ва садҳои дигароро, ки дар айни камолоти эҷодӣ оламро падруд гуфтаанд…

Ғоиб Сафарзода аз қабили ҳамон адибонест, ки хеле бармаҳал, яъне дар синни 32-солагӣ дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд. Туғёни шеър ӯро аз деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба даргоҳи Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе овард. Баъди хатми донишгоҳ ба рӯзномаи рақами 1-и ҳамон замон «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор омад. Бо шеъру мақолаҳояш, одамгарӣ ва хислатҳои наҷиби инсонаш байни ҳамкорон ва аҳли зиёӣ эътибор пайдо кард. Ҳасудонаш кам набуданд. Таърих гувоҳ аст, ки тамоми эҷодкорони соҳиби истеъдоди фавқулода ё нобиғаҳо дар ҳама давру замонҳо гирифтори тори фитнаи нотавонбинон гаштаанд. Ғоиб ҳам дар ин равиш истисно набуд.

Дар маҳфиле, ки бахшида ба 80-солагии ин адиби ғуррамарг дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир гашт, маҳз аз ҳамин паҳлуҳои ҳаёту эҷодиёти Ғоиб Сафарзода адибону олимон, дӯстону ҳамкорон ва пайвандонаш ёдовар шуданд. Дар набард барои зиндаву покиза мондани забон, фарҳанги миллат, боло бардоштани нуфузи он дар ҳамон давраи мушкил Ғоиб Сафарзода андешаи миллӣ ба миён овард. Кас ба ҷасорату мардонагӣ, афкори баландаш ошно гашта, гумон мекунад, ки хуни тозаи Восеи қаҳрамон дар рагу шарёнаш ҷорист. Ин яккатозӣ ва дифоъ аз фарҳанги миллат ба сараш балоҳои зиёд овард. Ӯ мавзӯъҳои доғи рӯзеро дар мақолаҳояш қаламдод мекард, ки он замон забони сурх сари сабзро мехӯрд. Асосан бештар ҳадафи ӯ покизагии забони модарӣ буд. Аз олудашавии ин забони Рӯдакию Ҳофиз Бедилу Сайидову Соиб ба забонҳои ғайр адибро беҳузур мекард. Ҷонашро ба дард меовард. Ин буд, ки навишт мақолае бо номи «Таровати зиндагӣ дар зебоист» ва он 28 феврали соли 1968 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» чоп шуд. Мақола дар байни мардум олимону донишҷӯён ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард, вале сиёсатмадорони он давр ларзидаву онро хуш напазируфтанд. Мақола ҳадафмандона, бо далелҳои қотеъ ва бо забони хеле нарм навишта шуда буд. Мисол: «Агар дар боғи саропо сабзу пургул ҷо-ҷо дарахтони хушк мавҷуд бошанд, тасаввур кунад, ки ҳусну таровати он то чӣ андоза доғдор мегардад».

Дар ин мақола муаллиф изҳори хушҳолӣ мекунад, ки дар баъзе дӯкону муассисаҳо номҳои зебои тоҷикӣ ба  мисли «Лола», «Зинат», «Норак», «Гулдаста», «Бадахшон», «Бунафша», «Саодат» гузошта шудааст. Баъди ин қаноатманд набудани худро аз ба ҷои «Баҳор», «Весна», ба ҷои «Оинаи нилгун», «Голубой экран», ба ҷои «Мавҷ», «Волна» ба ҷои «Афсона» «Сказка» ва амсоли инҳо гузоштани номҳои муассиса ва дӯконҳоро баён мекунад.

Муаллиф бо сӯзу гудоз навиштааст, ки ҳатто номи бисёр колхозу совхозҳоро тарҷума кардаанд. Аз ҷумла, «Ғалаба», «Победа» «Дӯстӣ», «Дружба», «Сарҳадчӣ, «Пограничник» истифода мешавад, ки ҳусни забони тоҷикиро мекоҳонад.

Ҳамчунин, дар он давра бисёр номи шаҳру ноҳияҳо дар шакли ғалат машҳур гашта буданд. Аз ҷумла, «Норак»-ро «Нурек», «Фархор»-ро «Пархар», «Ҳисор»-ро «Гиссар» ва баъзе исмҳои хосро вайрон ва ҳатто маънои дигар дода менавиштанд, ки дар ин маврид Ғоиб андешаҳои худро холисона ва барои ҷилавгирӣ аз беҳурматӣ нисбати забони беш аз ҳазорсолаи рӯи варақ оварда буд.

Ҳамин тавр, ин мақола боиси он гардид, ки муҳаррир Ашӯр Ҳалимов, ки хеле марди фозил буд, аз кор сабукдӯш ва Ғоиб Сафарзодаи ҷавон бо пуштибонии шодравон Аминҷон Шукӯҳӣ ҷазои маъмурӣ гираду халос.

Ғоиб Сафарзода бисёр инсони покдил, боинсоф ва поквиҷдон буду пайваста барои ҳақиқат мубориза мебурд, вале роҳи зиндагии ӯ на ҳамеша ҳамвор буд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар мавриди дӯсташ Ғоиб Сафарзода мегӯяд:

“Ӯ азоби бисёр дид. Ба узвияти Ҳизби коммунист қабулаш накарданд. Баҳона падари бадарғашудааш. Гуноҳи падар чӣ будааст? Китобҳои куҳнаро хондан. Ӯро «дӯстонаш» ҳамчун шахси хавфнок ба идораҳои боло муаррифӣ мекарданд. Баъди маргаш ҳам рӯҳашро ором нагузоштанд. Барои гирифтани нафақаи чор фарзанди ятимаш монеа эҷод карданд, далел гӯё Ғоиб дар сафари хидматӣ набудааст, баъзе ҳамкорон, вале бо мадади дӯстони бовафо ин мушкилот роҳи ҳалли худро ёфт”.

Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ки ҳар шеъру ҳар шоирро эътироф намекард, Ғоиб Сафарзодаро дӯст медошт. Ҳарфҳои самимие, ки устод Лоиқ дар ҳақи Ғоиб гуфтааст, ба касе нагуфтааст. Устод Лоиқ дар рӯзи гирифтани Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гуфта буд: «Ман мехостам дар ин рӯз Ғоибро бубинам, бисёр ӯро дӯст медоштам. Шояд барои он дӯст медоштам, ки дар як ришта мехондем ва дарди шеърро қисмат мекардем. Шояд барои он дӯст медоштам, ки содагиҳо дошт ва ҷуръатҳои бебоконааш гоҳо касро ҳайрон мекард».

Лоиқ аз марги дӯсташ Ғоиб сахт андуҳгин мешавад ва бо сӯзи дил ин сатрҳоро менигорад:

Гуфта будам, ки туро тунд марав,

Тунд рафтӣ бубин куҷо рафтӣ?

Як ҷаҳон шодӣ ваъда кардӣ, лек

Рафтию монд як ҷаҳон андуҳ.

Шеърҳояшро имрӯз овозхонҳо оҳанг бастаю мехонанд. Шоири зиндаёд Ғоиб Сафарзода бо шеъри баландпояаш, бо ҷасорату шуҷоаташ, бо панду насиҳаташ ҳамеша ҳамроҳи мост. Ӯ мегӯяд:

Одамон доред аз домони ҳам то зиндагист,

Ки бузургии шумо дар зиндагӣ ҳамбастагист.

Ёдаш ба хайр!

Иззатбеки Идизод,

узви ИНТ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.