Вазорати маориф: Наврӯз ҷашн гирифта мешавад,аммо пул ҷамъ накунед…

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабари манъи ҷашни Наврӯзи имсоларо  дар муассиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бепоя хонд.

Тавре аз вазорати мазкур ба Pressa.tj хабар доданд, имсол дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ  Наврӯзро таҷлил мекунанд.

“Аммо дар доираи қонунҳои амалалкунанда ва тавсияи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус Наврӯз ҷашн гирифта мешавад. Ҳамагуна ҷамъоварии маблағу хароҷоти зиёдатӣ манъ аст”,-гуфтанд аз вазорати маориф ва илм.

 Як моҳ пеш Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус ба таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон иҷозат дод. Аммо  ситоди мазкур ҷамъ омадани зиёди мардумро дар якҷо манъ кардааст. Ҳоло дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи 30-метраи сабза, рамзи асосии Наврӯз гузошта шуда, ҳамарӯза гуруҳ-гуруҳ мардум ҷамъ меонду барои хотира акс мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *