Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Маросими видоъ бо модари Барзу (видео)

Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов ва  модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов даргузашт.

Ин ҳунарманди номии театру синамо пас аз  як моҳи марги шавҳараш дар синни 87-солагӣ олами театр ва зиндагиро  абадан падруд гуфт.

Ҳанӯз аз субҳи имрӯз, 2-юми март дар назди бинои истиқоматии равоншод Фотима Ғуломова дар баробари хешону наздикон, инчунин намояндагони илму адаб ва фарҳанги кишвар ҳузур доштанд.

Фотима Ғуломова тақрибан шаст сол дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  фаъолият  кардааст.

Фотима Ғуломова дар тӯли ин солҳо дар намоишнома ва филмҳое ба монанди “Рӯдакӣ”, “Духтари бебисот”, “Камбағалӣ айб нест”, “Сароби хунин”, “Рустам ва Сӯҳроб”, “Имтиҳон”, “Бой ва ғулом”, “Шоҳ Лир”… ва “Мо аз боми ҷаҳон” нақшҳои калидиро бозидааст.

Хонаводаи ин ҳунармандро дар Тоҷикистон оилаи ҳунарпешагон меноманд. Писараш Барзу Абдураззоқов аз коргардонҳои маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпеша ва коргардони театру кино аст. Хоҳараш Соҷида Ғуломова аз коргардонҳои машҳури телевизиони Тоҷикистон буд. Шавҳараш Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарпешаи театру кино, моҳи январи имсол даргузашт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.