Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вохӯрии Президент бо мардум дар Қасри эҳёшудаи Ворух

Ин лаҳазаҳо дар назди Қасри фарҳанги Ворух,ки бори аввал соли 1972 сохта шуда буду баъдан таъмирталаб ва садамавӣ  шуда буд ва ҳоло намуди идона дорад, вохӯрии мардуми ҷамоати Ворух бо Пешвои миллат идома дорад.

Пеш аз оғози вохӯрӣ бо мардум, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Парчами миллиро, ки баландиаш 50-метр аст ва дар канори Қасри фарҳанг ҷойгир мебошад, ифтитоҳ намуд.

Ёдрас мешавем,ки  бо дастури Президент  ин фарҳангсаро ба маблағи чор миллион сомонӣ  эҳё гардидааст. Эҳёи он бори дигар  ба он далолат мекунад,ки  мардуми Ворух баръакси гуфтаҳои иғвоангезонаи  раиси КДАМ-и Қирғизистон ҳазорсолаҳо дар ин ҷо  зиндагӣ  мекарданду ин сарзамин аз қадимулайём  ватани тоҷикон буд. Хилофи гуфтаҳои Ташиев,  Ворух ҳаргиз анклав  набуд ва нахоҳад шуд.

Бунёди ин фарҳангсаро, ҳамчунин далели  он аст,ки  ба  ҷамоати Ворух чашм ало кардани роҳбарони беандеша  иғвоангезие беш нест ва Ворух ҳаргиз мавриди гуфтугӯ қарор нахоҳад гирифт.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.