Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Заур Дахте. Эроние, ки азизтарин шахсияти Тоҷикистон шуд

Агар дар Тоҷикистон силсилаи китобҳои «Ҳаёти одамони наҷиб» («Жизнь замечательных людей») ба нашр мерасид, китоби ҳаёту рӯзгори арбоби намоёни фарҳангу ҳунар, наворбардори маъруфи синамои тоҷик устод Заур Дахте, бешак, беҳтарин ва хонданитарин китобе дар ин силсила мебуд…

Зуҳури меҳр

Ман аз тақдир шукргузорам, ки бо ин марди наҷибу инсони шариф беш аз чил сол аст, ки ошноиву дӯстӣ дорам. Дар ҳақиқат рафоқату шиносоӣ бо Зуҳур-ака неъмат аст, саодат аст, шодӣ аст, сурур аст, кайфияти қалбу рӯҳ аст, зеро ӯ, сиришти ӯ саропо меҳр асту шафқат аст, яъне ӯ як муҷассамаи ишқ аст ва ин байтҳо, бешак, махсуси ӯст:

Эй, ки мепурсӣ, нишони ишқ чист?

Ишқ чизе ҷуз зуҳури меҳр нест.

Ишқ, яъне мушкиле осон кунӣ,

Дарди як дармондае дармон кунӣ…

Хоҳишмандам, хонандаи азиз, ин навиштаҳои маро қофияпардозиву суханбозӣ мапиндорад. Барои исботи гуфтаҳоям ҳамин далел кофист, ки тамоми аҳли фарҳангу ҳунари тоҷик ва ҳамаи онҳое, ки берун аз ин доира Зуҳур-акаро мешиносанд, ӯро дӯст медоранду барояш эҳтироми вежа қоиланд. Албатта, муҷиби ин ҳама ихлосу эҳтиром фазилатҳои накуи инсонии худи Зуҳур Рустамович мебошад.

Пайванди осмон

Дар мавриди фаъолияти эҷодӣ, истеъдоду ҳунар, касбияти баланду маҳорати наворбардориву филмофарӣ ва маҳсули бою рангини эҷодиёти ӯ ҳама медонанду борҳо навиштаву гуфтаанд.

Дар адои вазифаю иҷрои рисолати хеш кам касоне ҳастанд, ки мисли Зуҳур-ака масъулиятшиносу фидоии кори худ бошанд. Ӯ бо садоқату сарсупурдагӣ барои фарҳанги тоҷик, барои рушди синамои тоҷик хизматҳои пурбору пурарзише кардааст, ки барои насли имрӯзу фардои эҷодкоронаи мо беҳтарин намунаи ибрат мебошад.

Ҷасорату навҷӯиҳои Зуҳур-ака ҳангоми наворбардории филми ҳуҷҷатии «Пайванди осмон» («Прописан в небо») дар бораи варзишгари машҳури тоҷик Юрий Баранов, ки дар паридан бо парашут дар ҷаҳон назираш набуд, чун қиссаи ҷолиби шуҷоату нотарсии ӯ вирди забонҳо гардида буд.

Агар ба феҳристи офаридаҳои дастгоҳи наворбардории Зуҳур Дахте як чашмандози мухтасаре бикунем, дармеёбем, ки ӯ чӣ андоза ба Тоҷикистон ва ба мардуми ин кишвар дилбастагиву муҳаббат дорад. Ӯ бо тамоми ҳастияш ошиқи Тоҷикистон, ошиқи табиати ин сарзамини биҳиштосо, ошиқи фарҳангу тамаддуни бостонии он, ошиқи халқи заҳматқарину меҳмоннавози тоҷик мебошад.

Тори оташ

Филмҳои ҳуҷҷатии дар солҳои мухталиф офаридаи ӯ ба мисли: «Ҳама чиз барои шумо», «Ҳамзамонони мо», «Санъати Тоҷикистон», «Бозтоб», «Имрӯз ва ҳар рӯз», «Ҷашнвораи кинои тоҷик», «Ҳамнафаси бод»,«Бузургдошти Сино», «Абдураҳмони Ҷомӣ», «Мирзо Турсунзода», «Боқии мо», «София Тӯйбоева», «Ҳофизи Шерозӣ», «Маликаи мо», «Норак бидуни ҳамоса», «Қадам ба манзили худ», «Накукорӣ», «Сарчашмаҳо», «Хушбахтии ҳаёти шахсӣ», «Қатрае аз баҳр», «Ҳамнафаси бод», «Устод», «Чӣ ҳол доред?», «Ҳамдиёрон», «Таърихи хотира», «Заминларза», «Иқдом ба рӯзи хушбахтӣ», «Дасти рости устои бузург», «Ба хотири кӯдакӣ» ва ғайраҳо бо номҳои зебову шоиронаи худ фарогири мавзӯю ҷанбаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон, таъриху фарҳанг ва рӯзгори одамони наҷиби он мебошанд. Дар филмҳои «Малика», «Ҳофизи Шерозӣ», «Пайванди осмон», «Мусоҳиба» на танҳо санъати хоси наворбардорӣ, балки ҳамзамон ҳунару завқи баланди коргардонии ӯ низ намоиш ёфтаанд.

Зуҳур-ака ба сифати навобардори таҳиягар дар саҳифаҳои пурифтихори таърихи синамои тоҷик як зумра номгӯи филмҳои пурарзиши бадеиро ба мисли «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна», «Роҳҳо тафовут доранд», «Чор нафар аз Чорсанг», «Дуруд, одами нек», «Паланг дархост мешавад», «Шераки ҷасур», «Буд набуд дар синфи як», «Одам пӯст иваз мекунад», «Рустам ва Сӯҳроб» ва ғайра бо касбияти комилу масъулияти баланди эҷодӣ сабт намудааст.

Хуб ба ёд дорем. Солҳои шӯравӣ дар кинотолорҳо қабл аз оғози намоиши филмҳои бадеӣ маҷаллаҳои кӯтоҳмудати синамоӣ (киножурналҳо) нишон дода мешуданд, ки дар ин шумор силсилаи маҷаллаҳои мазҳакавии синамоии «Тоҷикфилм» бо унвони «Фитил» басо мароқангезу нишонрас буданд. Дар ҳар як шумораи навбатии «Фитил» бо ҳаҷви тунду ҳадафрас камбудиву норасоиҳои ҷомеа, корхонаву идораҳо, ашхоси масъулу мансабдор, масоили доғи рӯз зери тозиёнаи танқид гирифта мешуданд ва дар асари он ҳатман гунаҳкорону зарароварони хоҷагии халқ ба ҷазои сазояшон мерасиданд. Дар ин амри шоиста хидмати Зуҳур-ака ҳамчун навобардору коргардон ва тасвиргари сужаҳои аҷоиби киномаҷаллаи «Фитил» («Тори оташ») баҳри ислоҳи норасоиву ноҷӯриҳои ҷомеа басо бузург буд.

Дар таҳияву мураттаб намудани силсилаи филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикистони шӯравӣ» саҳми Зуҳур Дахте хеле назаррас арзёбӣ мешуд.

Хизматҳои шоёну пурарзиши ӯ бо унвони Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон ва бисёр ҷоизаҳову мукофотҳои баланди ифтихории ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шудаанд. Вале Зуҳур-ака беҳтарин унвону ҷоизаро барои худ дар меҳру ихлоси халқи тоҷик, муҳаббату самимияти мардуми Тоҷикистон дарёфтааст.

Қисмати  “Пайроҳаи қисмат”

Дар масири ошноиву дӯстие, ки бо Зуҳур-ака доштам, тақдир маро дар раванди таҳияи филми «Пайроҳаи қисмат» (Камоли Хуҷандӣ) қариб 5-моҳ дар шаҳрҳои Хӯҷанду Исфара, Конибодому Қайроқум ва Истаравшан бо ин инсони шариф қарину ҳамнишину ҳамсуҳбат гардонд. Ин панҷ моҳ дар саҳифаҳои рӯзгори ман рангинтарин, ҷолибтарин, пурифтихору пурҳикматтарин саҳафоте буданд, ки, бешак, обу рангу ҷилои он аз баракати ҳузури устод Зуҳур Дахте, коргардони бузурги синамои тоҷик Тоҳир Собиров, киношиносу адиби маъруфи тоҷик Ҷамшед Раҳматов ва гурӯҳи ҳунарпешагони шинохтаи театру синамои тоҷик Амон Қодиров, Гулсара Абдуллоева, Мавлуда Обидова, Нурулло Абдуллоев, Асалбек Назриев, Аҳмадшоҳ Улфатшоев, Даврон Алиматов, Фирӯз Умаров ва дигарон ҳосил гардида буд.

Аз он, ки филми «Пайроҳаи қисмат» дар нимароҳи тақдир  нотамом монд, чандон афсӯс намехӯрам, вале бо он ки дар тӯли ин моҳҳо ҳамнишину ҳамсуҳбати Зуҳур Дахте барин марди асилу инсони комил будам, басо ифтихормандам.

Зуҳур-ака воқеан, ҳам як пайкараи накуиву хайрхоҳӣ, меҳру шафқат, ҷавонмардиву футувват, одаму одамият аст. Дар дили бузурги ӯ кинаву адоват, бухлу ҳасад ҷой надорад. Қалбу сиришти ӯ моломоли ишқу муҳаббат, зебоиву ҳунар, дӯстиву рафоқат ва хубиву хушиҳост.

Пайванд бо Тоҷикистон

Ман дар муддати буду бошамон баҳору тобистони соли 1997 дар Суғдзамини бостонӣ Зуҳур-акаро бештару наздиктар шинохтам. Қиссаҳои ӯ аз сарнавишти пурпечутобаш, аз рӯзгори тифливу наврасиҳояш, ки то соли 1951 дар кишвари Эрони подшоҳӣ (сулолаи Паҳлавиён) гузаштааст, зикри хайри падари бузургвораш, корномаву диловариҳо, хираду ҳикмати рӯзгор ва дурандешиҳои қиблагоҳаш, зиндагии пурмоҷарои онҳо баъди фирор аз Эрон дар қаламрави Россия, ёди пайвандону наздиконашон дар кӯҳистони Доғистон ва манзилу ватани ҳамешагӣ пайдо карданашон дар Тоҷикистон басо ҷолибу шавқангез ва ибратбахшу муассир мебошад.

Маҳз ҳамин гардишҳои тақдир, саргузашти талху ширин, нобасомониҳову душвориҳои зиндагӣ ва амвоҷу маҷрои пурхуруши дарёи сарнавишт Зуҳур-акаро обу тоби мардонагӣ, дарёдиливу рӯҳбаландӣ қавииродагиву пуртоқатӣ, шарафмандиву сарбаландӣ, ғуруру ифтихори баланди инсонӣ, ҳамзамон, раҳмдиливу шафқат, меҳру эҳтиром ба арзишҳои волои  башарӣ ато кардааст.

Насаби Дахте гирифтани хонадони эшон аз дурандешиву эҳтиёткориҳои падараш ба хотири аз таҳдиду таъқибҳои даврони  сталинӣ эмин монданашон будааст…

Зуҳур Дахте баъди хатми Интернати байналмилалии бачагонаи шаҳри Ивановои Росия (аз соли 1959) тақдиру сарнавишти худро комилан ба Тоҷикистон, ба синамою фарҳанги тоҷик пайваст…

Имрӯз Зуҳур-ака яке аз хушбахттарин афроди ҷомеаи мост. Дар радифи ҳаёти эҷодияш рӯзгори шахсиву хонаводагиаш низ улгуву беҳтарин намунаи покизагиву шарофат, бахту саодат мебошад. Зиндагии ашрофонаи онҳо бо ҳамсараш Валиябону таҷассуми ишқи бузург ва садоқати бепоён аст. Меваҳои дарахти ҳамешасабзи муҳаббати ин ҷуфти зебову нексиришт Наримон, Фарангис, Наргис ва набераҳои дӯстрӯву ширинашон арзандаи аслу ному насаби хешанд…

Маҳз ҳамин муҳити солиму пурмеҳр ва фарҳангии хонавода боис гардида, ки Зуҳур-ака дар синни мубораки 85 хеле барнову неруманд ба назар мерасад. Ӯ ҳоло барои фарҳанги тоҷик, барои имрӯзу фардои Тоҷикистон бо нигоҳи шоиронаву ошиқонаи хеш хизматҳои пурсамар хоҳад кард…

Ортиқ Кодир,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.