Ӯзбекистон: Аз номи намоишгоҳ калимаи “Иерусалим”-ро бардоред

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба баргузории намоиши аксҳои Дмитрий Брикман, суратгири яҳудӣ дар шаҳри Тошканд иҷозат надод.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба баргузории намоиши аксҳои Дмитрий Брикман, суратгири яҳудӣ дар шаҳри Тошканд иҷозат надод.

Ин ниҳод аз суратгири яҳудӣ хост, то аз номи намоишгоҳи “Иерусалим на танҳо шаҳр” калимаи “Иерусалим”-ро бигирад.

Дмитрий Брикман албоми акксҳоро бо номи “Иерусалим на танҳо шаҳр” омода карда ва бо тавсияи Вазорати корҳои хориҷии Исроил намоишгоҳи ин аксҳоро созмон дода шуд.

Намоишгоҳ аз 120 акс иборат аст, ки дар деворҳои ин шаҳри қадима аккосӣ шудааст.

Худи Брикман далели манъи баргузори намоишгоҳи аксҳо дар шаҳри Тошкандро ба қарори Доналд Трамп, президенти Амрико марбут медонад, ки сафорати ИМА-ро аз шаҳри Тел-Авив ба Иерусалим кӯчонда буд.

Дар охири соли 2017 Доналд Трамп шаҳри Иерусалимро ҳамчун пойтахти Исроил эътироф карда ва сафорати Амрикоро ба ин шаҳр кӯчонд. Аммо ягон кишвари ҷаҳон ба ин иқдоми Амрико пайравӣ накарданд.

Шаҳри Иерусалим ё Байтулмуқаддас дар ҷараёни Ҷанги Шашрӯза дар соли 1967 ба Исроил ҳамроҳ карда шуд.

Ба гуфтаи Брикман, ҳукуматдорони Ӯзбекистон намехоҳанд бо баргузории чунин намоишгоҳ равобити худро бо кишварҳои исломӣ тира кунанд.

Ин сурагири яҳудӣ дархости мақомоти Ӯзбекистон барои аз номи намоишгоҳ бардоштани калимаи Иерусалимро рад кардааст.

Қаблан намоишгоҳи “Иерусалим на танҳо шаҳр” дар Маскав, Сакт-Петербург, Воронеж ва Остона (Нурсултони феълӣ) баргузор шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *