Лоҳутибарҳо  10 март эълон мешаванд

Иттифоқи журналистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маъракаи бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷикро имсол 10 март баргузор мекунанд.

Аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон хабар доданд, ки  азбаски 11 март – Рӯзи матбуоти тоҷик рӯзи истироҳатист, тасмим шуда, ки маросими таҷлили онро як рӯз пештар созмон бидиҳанд: Чорабинӣ соати 14:30 дар театри ба номи Лоҳутӣ оғоз мешавад. Қабл аз оғози расмии маросим намоиши рӯзномаву китобҳо доир мегардад”.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз исми барандаҳои ҷоизаи Лоҳутии Иттифоқи журналистон, ҷоизаи ба номи Воҳид Асрории факултаи журналистикаи ДМТ эълон хоҳад шуд: “Имсол барои дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ 28 нафар довталаб буд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *