Лоиқ Раҷабов чӣ хоҳиш кард?
Лоиқ Раҷабов, ки чанде пеш аввалин муҳорибаи худро дар ташкилоти UFC доир карда, ғалабаи мутлақ ба даст овард, дар як мусоҳиба кай ба майдон баромаданашро гуфт.
— Ман мехоҳам пас аз моҳи Рамазон ба майдон бароям. Ҳамчунин, мехоҳам агар имкон бошад, дар тобистон дар шаҳри Абу-Дабӣ якбора ҳам муҳорибаи ман ва ҳам аз Нурулло Алиевро ташкил кунанд, зеро дар ин ҳолат ҳамватанони мо зиёдтар барои тамошо меоянд,- гуфт Лоиқ Раҷабов.
Гуфта мешавад, ки ҳам Нурулло Алиев ва ҳам Лоиқ Раҷабов дар суханронии пас аз ғалабаашон гуфта буданд, ки омодаанд пас аз моҳи Рамазон ба майдон бароянд, вале ин аз роҳбарияти ташкилот вобастагӣ дорад. Мо бошем, танҳо муҳорибаи ин ду варзишгари маъруфи тоҷикро интизор мешавем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ