Лоиқ мард буд

Лоиқ то рӯзи охирини ҳаёташон мегуфтанд, ки ҳеҷ кас угропалавро мисли модари ман пухта наметавонад. Баъди ҳамон хӯрокро пухтану хӯрдан «Оча, маро нағз мебинӣ, ки ҳамин хӯроки дӯстдоштатаринамро пухта пешам овардӣ», гуфта шӯхиҳо мекарданд.