Лукашенко: СПАД бояд буҳрони марзии Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад
Президенти Белорус Александр Лукашенко рӯзи 20-уми июн дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) дар Минск пешниҳод кардааст, ки ин созмон бояд барои ҳалли буҳрони марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон роҳи ҳал ҷӯяд.
Гуфта мешавад, ӯ инчунин дар суханронияш аз низои миёни Арманистону Озарбойҷон ва “мушкилот”-и Белорусу Русия низ ёдовар шуда, афзудааст, ки гилаи Арманистон аз СПАД “ҷон” дорад ва Қирғизистон ҳам доир ба ҳалли низои сарҳадӣ бо Тоҷикистон муроҷиат карда буд.
“Агар ин мушкилотро ҳал накунем, ба интиқоди ҳамдигар давом медиҳем. Агар мо барои ҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ёрӣ карда тавонем, онҳо аз мо миннатдор мешаванд. Дигар одам нобуд намешавад. Айни ҳамин ҳолат бо Арманистон ҳам ҳаст. Агар мо вокуниш накунем, дӯстону мушовирони ғарбии мо бо ин масъалаҳо машғул мешаванд”,- афзудааст ӯ.
Маълум нест вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД ба ин вокунише кардаанд ё не, вале дар гузашта ҷониби Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон бояд дар сатҳи ҳукуматҳои ҳарду давлат ҳал шавад.
Пештар президенти Русия Владимир Путин ҳам пешниҳоди миёнравиро дар ин музокирот карда буд. Дар давоми ду соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду муноқишаи пурхушунату пурқурбонӣ рух дод. Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале сесад километри онро таъйину аломатгузорӣ карда наметавонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ