Лутфия Холова: Зан босавод бошад, ба фоидаи миллат аст

Дар меҳмонии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман” Холова Лутфия — мудири боғчаи №1-и ноҳияи Шаҳритус, модар, бонуи фаъол ва хушдомани ҷавон қарор доштанд.

Азбаски Лутфия Хушбахтовна ба ҳайси муовини раиси шаҳрак, раиси ҷамоат кор кардаву алъон роҳбарии боғчаи бачаҳоро бар дӯш доранд, табиист, ки бо модарону занон зиёдтар муошират мекунанд. Саволи мо ба Лутфия Хушбахтовна чунин буд:

— Имрўзҳо аз забони бонувоне, ки барои писаронашон ҳамсар мекобанд, як чизро мешунавем, духтари хондагӣ фарзандонашро хуб тарбия мекунад, ҳурмату эҳтиромро медонад. Ба фикри шумо барои тарбияи хуби фарзандон ба як зан, модар доштани маълумоти олӣ ҳатмист?

— Бо гузашти вақт арзишҳо дигар мешаванду талаботҳо низ, албатта маълумоти олӣ доштани духтар хуб аст. Зани соҳибкасб дар зиндагӣ хор намешавад, бори рўзгорро якҷоя бо шавҳар мекашад, мақоми хешро дар ҷомеа меёбад. Аммо агар бигўем, ки зани маълумоти олӣ надошта фарзанд тарбия карда наметавонад, куллан хато мекунем. Чун ба таърихи гузаштаи миллати хеш назар афканем, мебинем, ки модароне, ки ҳатто маълумоти миёнаи пурра надоштанд, фарзандҳое тарбия намуданд, ки имрўз бо онҳо аҳли башар мефахрад.

Чун «Ёддошт»-ҳои устод Садриддин Айниро мехонем, он ҷо дар бораи модарашон суханҳои хубе гуфтаанд. Чӣ гуна модар талош карда, писарашро аввал ба мактаби духтарона медиҳад, сипас охирин луқмаи даҳонашонро ба домуллои мактаби куҳна дода, ба он ҷо раҳнамоӣ мекунад, то писараш дониш омўзад. Ин ҷо мисолҳои зиёде овардан мукин аст, тарбияи фарзанд мисли меросе аст, ки аз волидайн ба фарзандон мемонад. Духтаре, ки дар оилаи солим ба воя расида, тарбияи хуб дидааст, онро ҳам дар хонадони хеш ҷорӣ мекунад. Зеро кўдакон мушоҳидакор мешаванд ва ба он чизе тақлид мекунанд, ки худашон дидаанд.

Чуноне ки дар боло гуфтем, ҳар давру замон талаботи худро дорад ва имрўз ягон соҳаро бе ҳузури бонувон тасаввур карда намешавад. Аз ин рў, хондану маълумот гирифтани духтарон тақозои замони муосир аст. Як ҳикмат аст, ки агар мард босавод бошад, танҳо ба фоидаи худи ўст, аммо агар зан босавод бошад, ба фоидаи миллат аст, зеро зан дар домонаш кўдакон — миллати ояндаро ба воя мерасонад. Модари босавод дар тарбияи фарзанд нақши дигаргуна дорад, зеро ў кушиши зиёд ба харҷ медиҳад, ки фарзандонашро аз худаш зиёдтар пешрафта бинад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *