М. Шарифзода: ДДҲБСТ дар рейтинги донишгоҳҳои ҷаҳонӣ шомил мешавад
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат пазируфта шуда, дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ мебошад.
Дар ин бора 16 июл зимни нишасти матбуотӣ ректори ин муассисаи олӣ Муъмин Шарифзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тибқи маълумоти ректор, ҷиҳати дар татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология, соли равон дар донишгоҳ 7 ихтирооту навовариҳои олимон ва донишҷўён аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
“Имсол аз теъдоди умумии донишҷӯёни донишгоҳ 24 нафар гирандаи стипендияи раиси вилоят, 1 нафар гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар гирандаи стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд ва 61 нафар гирандаи стипендияи раёсати донишгоҳро мушараф шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин давра шумораи стипендияи раёсати донишгоҳ ба 37 адад зиёд карда шуда, аз 24 адад ба 61 адад расонида шуд. Натиҷаи чунин дастгирӣ ва таваҷҷӯҳ ба донишҷӯён буд, ки муҳассилини мо дар ин давра тавонистанд дар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву шаҳрӣ сазовори ҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ гарданд. Аз ҷумла 25 нафар донишҷӯёни донишгоҳ давоми шаш моҳи соли равон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 15 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон, дар ин давра 13 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳурияӣ ва вилоятӣ аз қабилӣ «Таҳияи бизнес – нақшаҳои соҳибкорӣ», «Ровигӣ», «Атласу адраси тоҷик», «Ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари фарҳанги миллӣ», «Чакомаи гесу», «Ороиши мӯй», «Ҷилваи рангҳо», «Таронаи донишҷў», «Андалеб» ва «Дастони моҳир» ба гирифтани 7 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 3 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд”,-иброз дошт профессор Муъмин Шарифзода.
Дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки ҳоло теъдоди шартномаҳои ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва муассисаи илмию таълимии хориҷӣ ба 70 адад расидаанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2021 шартномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Сургут, Донишгоҳи давлатии Мордовия, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ва Донишгоҳи техникии нафти Уфа шартнома ба имзо расид.
Инчунин, профессор Муъмин Шарифзода иброз намуд, ки раёсати донишгоҳ иқдом гирифтааст, ки ояндаи наздик дар рейтинги донишгоҳҳои ҷаҳонӣ шомил гардад. Ҳадаф аз ин иқдом муаррифии илму маорифи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ба фазои ҷаҳонии таҳсилот гузоштани қадамҳои устувор мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ