Мақолаи Президенти Қазоқистон К.Тоқаев «Абай ва Қазоқистон дар асри ХХl»
7 январи соли 2020 дар рӯзномаи расмии «Егемен Қазоқистон» мақолаи Президенти Қазоқистон Қасым-Жомарт Тоқаев «Абай ва Қазоқистон дар асри XXI» ба нашр расид. Ин мавод ба 175-солагии шоири бузурги маъруфи Қазоқистон Абай Қунанбаев бахшида шудааст.
Қ.Тоқаев қайд мекунад, ки ҷашни 175-солагии Абай имсол дар сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ баргузор мешавад ва даъват ба амал меорад, ки «миллатро ба монанди Абай бояд дӯст дошт».
Мо дӯст доштани ватанро бояд аз Абай омӯзем. Осори ғании Абай барои ташаккули шуури нави миллати қазоқ хизмат мекунад», — қайд кард Президенти Қазоқистон.
Ҳоло ҷаҳон ҳар соат дигаргун мешавад. Дар тамоми соҳаҳо вазифа ва талаботи нав гузошта мешаванд. Кашфиёти илмӣ инсониятро ба пеш мебаранд. Замоне фаро расид, ки бо ақл пеш равем. Барои он ки пешрафт ва тамоюлоти ҷаҳонро пайравӣ кунем, мо бояд боз будани тафаккурро таъмин кунем. Ин амал ҳамоҳангсозии дастовардҳои пешрафтаи тамаддунро бо манфиатҳои миллӣ талаб мекунад. Дар чунин лаҳза мо бояд аз одатҳои ибтидоии худ даст кашем. «Дурӯғ ва ғайбатро накушта, андешаҳои амиқ ва илмро ҷустуҷӯ кардан номумкин аст» — ин даъвати Абай беҳуда нест, — навиштааст Қ.Тоқаев.
Дар мақолаи Қосим-Жомарт Тоқаев ҳамчунин нишон дода шудааст, ки дар ҷаҳон шахсоне ҳастанд, ки барои рушди соҳаҳои мухталифи илм ва маориф саҳми назаррас гузоштаанд ва ҳамчун мутафаккирони умумиҷаҳонӣ эътироф шудаанд. Масалан, номҳои Лао Тсзу ва Конфутсий бо Чин, Достоевский ва Толстой бо Россия, Волтер ва Руссо бо Фаронса алоқаманданд. Мо бояд ба он сатҳе расем, ки ҳангоми зикри номи Қазоқистон хориҷиён фавран Абайро номбар кунанд», — менависад Қ.Тоқаев.
Ба ифтихори 175-солагии Абай зиёда аз 500 чорабиниҳо дар сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ баргузор карда мешаванд. Моҳи августи соли равон дар шаҳри Семей дар якҷоягӣ бо ЮНЕСКО конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Абай ва маънавиёти ҷаҳонӣ» баргузор мешавад. Инчунин, дар моҳи октябр дар шаҳри Нур-Султон конфронс дар мавзӯи «Абай ва мушкилоти навсозии шуур» баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ