Машварати ҳуқуқӣ: Мақомоти васоят ва парасторӣ чӣ уҳдадорӣ доранд?

Барои ба расмият даровардани фарзандхондии кӯдак мақомоти васоят ва парасторӣ кадом намуд хулосаро ба суд пешниҳод менамоянд?

ФИРӮЗА, шаҳри Хуҷанд

Посухи адвокат Иноят Иноятов

То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхондӣ ва фикри ӯро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.

Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне (шахсе), ки кўдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кўдак маълумот диҳанд.

Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторӣ ва номгўи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ муайян мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *