Маҳфили шеъру суруд ба ифтихори 65-солагии солрӯзи шоири номвари тоҷик Махсум Олимӣ!

1-уми октябри соли 2021 бо ибтикори Муассисаи давлатии рӯзномаи «Файзи Зарафшон» дар ҳамоҳангӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва Бахши фарҳанги ноҳия ба хотири гиромидошти 65-умин солгарди рӯзи таваллуди шоири шинохтаи тоҷик Махсум Олимӣ маҳфили шеъру суруд таҳти унвони «Фарёди ёдҳо» баргузор мегардад.


Дар маҳфил ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, Аслиддин Сатторов ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ бо суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод менамоянд.


Ёдовар мешавем, ки Махсум Олимӣ хатмкардаи Институти умумиҷаҳонии адабиёти ба номи Максим Горкийи шаҳри Москва ва яке аз шоирони шинохтаи тоҷик аст, ки дар даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба шаҳодат расидааст.


Махсум Олимӣ 10-уми октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ба шеъргӯӣ соли 1973 сар карда, соли 1973 баъди хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуда, онро соли 1978 ба итмом расонидааст. Чанд муддат дар матбааи шаҳри Душанбе ба ҳайси барқчӣ кор кардааст.


Нахустин шеъри ӯ бо номи «Модар» дар рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ соли 1975 рӯи чоп омадааст. Ҳамчунин, дар давраи донишҷӯияш дар шаҳри Қӯрғонтеппа шеъру таронаҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Маориф ва маданият» пайваста чоп мешуданд.
Соли 1984 Институти адабиёти СССР бо номи А. М. Горкийро дар шаҳри Маскав бо муваффақият ба охир расонид. Дар ин муддат шеъру навиштаҳояш дар рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Ҳақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Бадахшони советӣ», «Коммунисти Исфара», «Коммунист», «Роҳи коммунизм», «Роҳи ленинӣ», «Паёми Душанбе» ва маҷаллаҳои «Машъал», «Занони Тоҷикистон», «Садои Шарқ», «Помир» бо мазмунҳои тоза ба тоза нашр мешуданд. Баъди хатми Институти адабии шаҳри Маскав ба ҳайси муҳаррир ва ходими адабӣ дар нашриёти «Ирфон» фаъолият намуда, ҳамзамон бо матбуоти даврӣ ҳамкориҳои хуб дошт.


Махсум Олимӣ солҳои 1985 то 1991 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», Радиои Тоҷикистон ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигор кору фаъолият кардааст. Махсусан солҳои 1987-1989 ҳангоми дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигори шӯъбаи маориф ва фарҳанг кор карданаш ӯ бештар ба масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, забон ва адабиёт рӯ оварда, як силсила мақолаҳои ҷолиб навиштааст.


Китоби нахустини шоир бо номи «Бӯи умед» соли 1985 дар нашриёти «Ирфон» ба нашр расидааст.


Махсум Олимӣ дар баробари фаъолияти шоирию рӯзноманигорӣ, инчунин ба тарҷумаи осори халқҳои шӯравӣ низ машғул шуда, шеърҳои шоирон Тоҳир Тохис (Озорбойҷон), Мӯсо Низом (Озорбойҷон), Арбен Кардашов, Райсат Саидова (Доғистон), Рашад (Озорбойҷон), Оразгул Оннаева (Туркманистон), Олег Хлебников (РС ФСР), Анатолий Сафронов, Албертина Иванова, Виктор Авотиниш (Латвия), Лорина Бэлтияну (Молдавия), Морис Посхишвили ва Надежда Емеляноваро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, дар матбуоти даврӣ ба нашр расонидааст.


Бештари ашъори Махсум Олимӣ ба забони русӣ ва қисме аз шеърҳои ӯ ба забонҳои украинӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, чувашӣ, болқарӣ, лагзӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.


24-уми моҳи октябри соли 1992 дар шаҳри Душанбе дар як ҳодисаи мудҳише аз тарафи нафарони номаълум кушта мешавад.
Мақбараи Махсум Олимӣ дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ гузаргоҳи аҳли назар шудааст.

Марҳабо, ба маҳфили шеъру суруд!

Аз ҳамаи ёру дӯстон ва ҳаводорони шеъри Махсум Олимӣ хоҳиш дорем, ки ҳар шеъру байту рубойи тозае аз ӯ медонед ва ё хотироти аҷибе доред бароямон ирсол доред. Мо онҳоро дар саҳфаҳои баъдина пешкаши мардум мегардонем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *