Маҳкумияти корманди Комиссарияти ҳарбӣ барои қаллобӣ

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати хизматчии ҳарбӣ — иҷрокунандаи масъул оид ба назорати мудофиаи ҳудудии зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, прапоршик Мирсалимов Рустам Обидҷонович барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба миқдори махсусан калон бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати Мирсалимов Р. О. ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуки ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайяни мансубияти ҷавобгарии молу мулкидошта ба муҳлати 3 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

Дар рафти тафтишот муайян шудааст, ки Мирсалимов Р. О. бо мақсади ғараз ва тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯйистифодаи боварӣ дар давраи аз моҳи июл то моҳи сентябри соли 2022 дар 9 ҳолат ба содир намудани чинояти қаллобӣ даст зада, 31 нафар шаҳрвандонро фиреб дода, ба онҳо дар маҷмуъ ба маблағи 689493 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Аз ҷумла, номбурда бо либоси низомӣ ба боғчаи кӯдаконаи №31-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, худро ҳамчун намояндаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ кормандони боғчаро гумроҳ месозад, ки “гӯё аз ҳисоби ташкилотҳои хайриявии Арабистони Саудӣ ба оилаҳои камбизоат ва ниёзманд кумакҳои башардӯстона дастрас шудааст, агар хоҳишмандон барои гирифтани кумак ниёз дошта бошанд, метавонанд ба ӯ муроҷиат намоянд”.

Кормандони кӯдакистон аз мақсадҳои ғаразноки Мирсалимов Р. О. хабардор набуда, ба суханони бардурӯғаш бовар карда, дар маҷмуъ 6793 сомонӣ маблағи пулиро ҷамъ оварда, ба вай додаанд. Номбурда ин маблағро гирифта, ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расонидааст.

Инчунин, Мирсалимов Р. О. амалҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, 2-юми октябри соли 2022 бо либоси низомӣ ба бозори “Меҳргон”, воқеъ дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе рафта, бо соҳибкор Абдураҳимов М. вохӯрда, худро ҳамчун корманди Комиссарияти ҳарбӣ муаррифӣ карда, бо роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ арз намудааст, ки ба ӯ чорсад халта орд лозим буда, бояд ба қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ тақсим намояд. Баъди пурра тақсим намудан маблағи ордҳоро ҳатман пардохт менамояд.

Номбурда баъди гирифтани 350 халта орди навъи якум ба маблағи 115500 сомонӣ онро ба дигарон фурӯхта, маблағҳои бадастовардаро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрванд Абдураҳимов М. ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.

Бо чунин роҳу усул Мирсалимов Р. О. боз 29 нафарро фиреб намуда, молу маблағи онҳоро бо роҳи қаллобӣ ғайриқонунӣ азхуд карда, такроран ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст.

— Бо мақсади рӯёнидани товони зарари ба шаҳрвандон ба маблағи 570654 сомонӣ расонида зимни баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Мирсалимов Р. О. дар як вақт аризаи даъвогии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе баррасӣ ва қонеъ карда шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *