Маҳмадтоир Зокирзода: Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм пешсаф аст

Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ дар сафи пеш қарор дорад.

Ин нуктаро  Маҳмадтоир Зокирзода, раиси парлумони Тоҷикистон

дар ҷаласаи муштараки Шӯро ва 17-уми пленум ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии СПАД дар Маскав изҳор дошт.

«Дар ин замина мо вазъи кунунии Афғонистонро бо нигаронӣ пайгирӣ мекунем», — таъкид дошт номбурда.

Ба гуфтаи раиси парлумон, дар қаламрави кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар манотиқи шимолу шарқӣ, ки бо марзҳои ҷанубии СПАД ҳаммарз аст, аз ҷумла “Давлати Исломии Хуросон”*, “Ҳизб-ут-таҳрир”* ва “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ”* (созмонҳои мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон), ҷангҷӯёни созмонҳои гуногуни террористӣ, харакати «Теҳрики-Толибони Покистон” ва гайра амал мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *