Маҳтарой Яқубова: Ҳамдигарфаҳмӣ файзу баракат меорад
Меҳмони навбатии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман” сокини ноҳияи Ваҳдат, ҷамоати Гулистон, муаллимаи МТМУ №22 Яқубова Маҳтарой, модари 7 фарзанду хушдомани 3 келин мебошанд.
Саволи мо ба модари азиз чунин аст:
— Шумо ҳамчун зан-модар ва хушдоман сабаби сар задани муноқишаҳои оилавиро дар чӣ мебинед?
— Аслан оила макони муқаддас барои ҳар марду зан бояд бошад. Меҳру самимияти келину хушдоман ва ба дунё омадани фарзандони солиму солеҳ муҳити оиларо гарму мубарро месозад. Аммо нигоҳ доштани чунин муҳити солим на ба ҳар кас муяссар мегардад. Бо баҳонаи ночизе миёни навхонадорон хархаша бо гуфтани суханҳои носазо нисбати якдигар, баъдан бо занозаниву ҷанҷолҳои калон ба вайроншавии оила оварда мерасонад, ки дар аксарияти ҳолатҳо сарманшаи ин носозиҳо аз норозигии хушдоман аз келин ё баръакс норозигии келин аз хушдоман ибтидо мегирад.
Фикр мекунам, аксари муноқишаҳое, ки дар хонадони занҳои тоҷик имрӯз рух медиҳад, бо сабаби он аст, ки хушдоман келинро ҳамчун духтари худ ва келин хушдоманро баробари модари худ қабул намекунанд. Баъзан духтаракони ҷавонеро мебинем, ки ҳоло шавҳар накарда, аллакай дар дилашон нисбати хушдоман нафрату бадбинӣ доранд. Хушдоманро ҳамчун душман қабул мекунанд. Хушдоман бошад, бо мақсади гирифтани “алови чашми келин” аз рӯзи аввал бо келин дағалона рафтор карда, пайваста аз ӯ чаққон будану хизмати аҳли хонаводаро иҷро карданро талаб мекунад. Ин тоифаи хушдоманҳо боре фикр намекунанд, ки келин робот нест, хизматгор нест, ғулом нест.
Ҳамзамон, оилаҳоеро медонам, ки аз меҳрубониву сустии хушдоман ва аҳли хонаводаи шавҳар истифода бурда, келин аз худ мераваду шавҳарро таги по мекунад ё ба дигар корҳои номатлуб даст мезанад.
Боз як сабаби нофаҳмӣ миёни келину хушдоман дар он аст, ки модарон духтарони худро ба зиндагии оилавӣ омода намесозанд, насиҳат намекунанд, баръакс дар ҳар мушкилии пешомада балво мехезонанду сабабгори оилавайронии навҷавонон мегарданд.
Кор ба ҷое расидааст, ки солҳои охир ягон келин намехоҳад бо хушдоман зиндагӣ кунад ва ҳатто ҳангоми хостгорӣ пайвандони духтар рӯирост шарт мегузоранд, ки баъд аз тӯй навхонадорон бояд дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунанд.
Фикр мекунам, ки агар миёни келину хушдоман ҳамдигарфаҳмӣ бошад, дар он оила ҳам файзу баракат мешаваду ҳам зиндагии тинҷу осоишта.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ