Маҳин Амид (Нигоҳ) — Эрон

Нақши дилоро

Сарви бўстон ба саропо, чу саропои ту нест,

Нағмаи чанг фиреботар аз овои ту нест.

Ғунча рангинтару дилбандтар аз лаъли ту не,

Сунбул ошуфтатар аз зулфи чилипои ту нест.

Дили ман бодаи ишқе талабад аз лаби ту,

Оҳу афсўс, чунин бода ба минои ту нест.

Дил чу тифлест ба фарёди ман аз дил ба фиғон,

Ончи дил металабад дар туву дунёи ту нест.

Меравам аз сари ҷон, балки ба ҷонон бирасам,

Мерасад ҷон ба лаб аз ҳасрату парвои ту нест.

Ман ба сар, дар пайи мақсудаму мақсуд пинҳон,

Эй надида раҳи мақсуд, дилам ҷои ту нест.

Хуфта дар сина хаёле ба дилороии меҳр,

Дар дили ман ба ҷуз аз нақши дилорои ту нест.

Ману дил раҳсипари хобу хаёли дигарем,

Раҳрави водии дил ҳамраҳу ҳампои ту нест.

Дар саропои вуҷуду дили муштоқи Нигоҳ,

Заррае нест, ки саргаштаи болои ту нест.

***

Орзу

Миҷмаре афсурдаам, оташ ба ҷонам орзуст,

Шуълаҳои синасўзу беамонам орзуст.

Соғари лабрези шавқу бодаи сакроваре,

То бадур афтад ҳиҷоби ҷисму ҷонам орзуст.

Табъи саршоре, ки рози синаи хомўшро,

Мў ба мў гўяд ба ёри дилситонам орзуст.

Гўшаи динҷею кунҷи хилвате дур аз касон,

Шоирона маҳфиле бо дўстонам орзуст.

Нуктаҳо сарбаста мегўям бидон, эй нуктадон,

Мардум аз беҳамзабонӣ, ҳамзабонам орзуст.

Ҳамнишини ҳамраҳу ҳамошёне меҳрубон,

Роздори нуктасанҷу нуктадонам орзуст.

Гуфтаниҳо бар забонам ранг мебозад, дареғ,

Нағмаи довудию сеҳри баёнам орзуст.

Ғамзае мардафкану чашмони ошиқкўш марост,

Баҳри сайди мурғи ҷон, тиру камонам орзуст.

Шавқҳо дар сина дорам, ишқҳо дар дил ниҳон,

Ҳамчу парвона тавофи шамъи ҷонам орзуст.

Қисмати мо аз азал ин буду камтар з-ин, Нигоҳ,

Чанд гўӣ, эй дареғо, ину онам орзуст.

مهین عمید (نگاه)- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *