Мақоми Тоҷикистон дар байни кишварҳои бой: қабл аз Папуа, баъди Вануату

Тоҷикистон дар радабандии маҷаллаи амрикоии “Global Finance Magazine” дар байни 185 кишвар ҷаҳон мақоми 153-ум, яке байни Папуа Гвинеяи нав ва Чад ва Вануату қарор дорад.

Ин рабандаии Тоҷикистонро дар байни кишварҳои пасошӯравӣ аз ҳама қашоқтарин номбурдааст. Ин маҷалла ҳар сол мизони сарватмандии ҳар кишвари ҷаҳонро бар асоси маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бар сари нуфуси аҳолӣ ҳисоб мекунад ва бар ин асоси мақом кишварҳои маълум мекунад.

Дар радабандии имисоли маҷлаи мазкур Қатар, Люксембург, Сингапур, Бруней ва Кувайт дар қатори кишварҳои бойтарин дунё ҷой гирифтаанд. Ба ҳисоби маҷалла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар  сари аҳолии Қатар 146 ташкил медиҳад.

Аз кишварҳои дигари минтақа дар раддабандии кишварҳои бойтарини дунё Қазоқистон зинаи 50, Русия — 51, Туркманистон – 77, Узбакистон – 127 ва Қирғизистон мақоми 142-юмро гирифтаанд. Афғонистон дар зинаи 162 омадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *