Мадина Дилоева ғолиби озмуни «Донишҷӯи сол-2016»

Мадина Дилоева, донишҷȳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷȳйи сол — 2016» байни донишҷȳёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ғолиб дониста шуд.

Озмун  бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, даври ҷамъастии он 20 — 22 октябри соли равон байни донишҷȳёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ки аз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иттилоъ доданд, озмун аз ду шарт иборат будааст. Якум, худмуаррифӣ бо истифодаи усулҳои наву замонавӣ (слайд-презентатсияҳо) ва дуюм, саволу ҷавоб вобаста ба мавзȳъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва навиштани иншои озод бо забони давлатӣ дар мавзȳи «Ҷавонон пайравони Пешвои миллат ва муҳофизатгарони дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ».
Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ ҳайати ҳакамон бо як овоз ҷои аввалро ба донишҷȳи курси 3, ихтисоси 250103 — Муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мадина Дилоева сазовор донистанд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур муайян намудани донишҷȳйи беҳтарин дар ҷодаи илмомȳзӣ, фарҳангдȳстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, инчунин ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷȳён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии онҳо ва ҳавасмандгардонию дастгирии ҷавонон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *