Магар Самарқанд сайқали рӯи замин аст?!

Баъзе равшанфикрон дар Самарқанд гуфтаанд, ки дар панҷ соли охир фарҳангу забони тоҷикӣ «як андоза рушд кардааст», вале ҳамзамон баъзе нигарониҳо боқист.

Баҳодур Раҳмонов, сардабири нашрияи «Овози Самарқанд» мегӯяд, ки «агар се сол пеш рӯзнома аз 2,5 то 3 ҳазор нусха нашр мешуд, ҳоло ба 6 ҳазор расонида шуд. Ҳатто бештар аз ин. Албатта, ин ҳам ифтихор ва ҳам масъулият аст».

«Маҷаллаи нахустини адабии «Дурдонаи Шарқ», дар пайравӣ ба маҷаллаи «Садои Шарқ»-и Тоҷикистон ва «Шарқ юлдузлари»-и Ӯзбекистон имсол аз чоп баромад. Ин маҷалла сирф тоҷикист ва дар шумораи аввалинаш эҷодиёти беш аз сад нафар ҷой дода шудааст. Аз шеър гирифта то нақди адабӣ»,- гуфт нависанда Аслиддин Қамарзода.

Чаҳор сол пеш ҳамчун рамзи эҳтиром пайкараи Абдураҳмони Ҷомӣ, шоири классики тоҷик ва шогирдаш Алишер Навоиро, ки сардафтари адабиёти классики ӯзбек аст, аз минтақаи канории шаҳр ба марказ кӯчондаанд. Ин пайкара дар даромадгоҳи боғи калонтарини фарҳангии вилоят қарор дорад ва дар атрофи он дуюмин донишгоҳи калонтаринии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҷойгир аст.

«Довталабон батадриҷ афзудаанд»

Ҳарчанд, ба гуфтаи сокинони инҷо, шумораи мактабҳои тоҷикӣ бамаротиб кам шудааст, дар факултаи филологияи Донишгоҳи Самарқанд кафедраи забон ва адабиёти тоҷик фаъол аст, ки дар он 12 олими тоҷик ба донишомӯзон дарс медиҳанд. Ба гуфтаи масъулин, солона бештар аз 50 довталаб ба ин ихтисос дохил мешаванд.

Ҷумъа Ҳамроҳ, мудири кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи Самарқанд гуфт, ки «нисбат ба солҳои пеш қабули донишҷӯён як баробар зиёд шудааст. Ба ғайр аз ин, ба фарқ аз як факултаи тоҷикии даврони Шӯравӣ, дар даврони истиқлолият боз 9 факултаи дигар ҳамроҳ шуд».

Оҳангсоз Абдураҳмон Амонов мегӯяд, ки «назар ба солҳои пеш ҳоло дар тӯю маъракаҳо бештар бо забони тоҷикӣ суруд мехонанд. Сурудҳои шӯхи тоҷикиро ҳофизони номии мо ба мисли Мардон Мавлонов, Баҳоваддин Баҳриев ва Эркин Қайтаров зиёд мехонанд».

Дар ин шаҳр, ки дар радифи шаҳри Бухоро маркази тамаддуни халқи тоҷик ном мебаранд, мақбараву осорхонаи даҳҳо мутафаккиру олими дин қарор доранд.

Мақомоти шаҳри Самарқанд солҳои охир барои азнавсозии осорхонаҳои Садриддин Айнӣ ва Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов пул ҷудо карда, барои зоирон шароит фароҳам овардаанд. Вале равшанфикрон мегӯянд, дар радифи ин ҳоло интизори ҷавоби чанд муроҷиати дигар аз мақомот ҳастанд.

Муаммо: Муҷассамаи Рӯдакӣ куҷост?

Аслиддин Қамарзода

Нависанда Аслиддин Қамарзода мегӯяд, ки «солҳои 90-уми асри гузашта пайкараи Рӯдакиро дар майдони Регистони Самарқанд гузошта будем. Баъдан онро бо сабаби бозсозӣ канданду ҳоло пайкараи Ислом Каримов қомат афрохтааст. Дар Самарқанд хиёбони дарозтарин ба номи Рӯдакӣ аст ва дар як чорроҳои он, ки боғ ҳам бунёд шудааст, бояд пайкараи Рӯдакиро гузоранд».

Дар вилояти Самарқанд тақрибан 300 ҳазор нафар расман тоҷик сабт шудаанд, вале сокинони он мегӯянд, дар асл ин шумора бамаротиб бештар аст.

Мақомоти маҳаллӣ бо таъсиси созмоне ҷомеаи тоҷиконро муттаҳид кардааст. Сокинонаш мегӯянд, ҳоло онҳо дар руҳияи ҳамҷавориву дӯстӣ дар ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон умр ба сар мебаранд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *