Герерали нав Мирзомуродзода кист?

Дар қатори се нафаре, ки дар иди касбии кормандони милиса рутбаи генерал — майорро гирифтанд, Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод низ мебошад.

Бар асоси гузориши тасвирии дафтари матбуотии раисҷумҳур, рутбаи генералиро Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам Мирзомуродзода зимни чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба Рӯзи милисаи тоҷик тақдим намуд.

Мирзомуродзода аз моҳи майи соли 2020 дар мақоми сардори раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият мекунад.

Ӯ 52 сол дошта, дар мақомоти умури дохилӣ аз соли 1991 фаъолият дорад. Мирзомуродзода фаъолияташро аз нозири БДА дар вилояти Кӯлоби собиқ оғоз карда, баъдан дар мақомҳои сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Хатлон, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ва муовини сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.