“Толибон” 400 нафарро кушта, дар қабрҳои дастаҷамъона гуронидаанд

Гулмир
Толибон
куштор

“Толибон”* дар дараи Панҷшер ҳудуди 400 ғайринизомиро бидуни маҳкама ба шаҳодат расондаанд

 Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар, гуфт, аз қария (русто)-е, ки ӯ ҳаст, ҷавононро бидуни маҳкамаву пуриш паронида, дар гӯрҳои дастаҷамъӣ дафн кардаанд.

“Танҳо аз ҳамин қарияе, ки ман зиндагӣ мекунам, дар як гудол (чуқурӣ) 13 ҷавонеро, ки ноновари хонаводаи худ буданд, пайдо карданд. На силоҳ доштанд, на вориди ҷанг, балки дар мазрааи худ машғули киштукори тирамоҳӣ буданд. Инҳоро ба қатл расонданд. “Толибон”* ҳар рӯз эълон мекунад, ки авфи умумисту мо ба касе кор надорем”, — гуфт Муҳаммад Зоҳири Ағбар.

Гузоришҳо дар бораи қатлҳо ва қабристонҳои дастаҷамъӣ дар Панҷшер аз қабл низ дар ихтиёри манбаъ қарор доштанд.

Аз ҷумла ҷанозаҳои Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхони Зарра, ки рӯзи 5 сентябр дар рустои Даштаки Панҷшер ба шаҳодат расиданд, пас аз ду рӯз аз як ҷарии қаламрави ин деҳа дар қатори чаҳор ҷасади дигар пайдо шуданд.

Ҳамзамон аз куштори дастаҷамъии ҳудуди 50 сокини мулкии рустоҳои Обдара, Поранда, Шоба, Париён ва ғайра низ гузориш расида буд, ки дар чуқуриҳо дастаҷамъона партофта шуда буданд. Аз ин ҳама қатлу кушторҳо танҳо ҷинояте, ки навори видеоияш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, маҳкамаи саҳроии як ҷавони низомипӯш буд.

Яке аз хешовандони ин ҷавон ба манбаъ гуфт, ӯ Гулмир ном дошта, аз рустои Киромони вулусволии Дара аст.

“Гулмир аз сарбозони урдуи ҳукуматӣ буд. Вақте ҷанг дар Панҷшер тамом ва “Толибон”* вориди дара шуданд, ӯ ба авфи умумии онҳо бовар карда, хост Кобул равад. Дар як такси нишаста, равон буд, ки дар посгоҳи “Толибон”* дар Оноба аз мошин пойин шуда, ба шаҳодат расид. Ҷанозаи ӯро пас аз ҳашт рӯз дар қарибиҳои ҳамон посгоҳ аз як ҷарӣ пайдо кардем, ки боз чанд ҷасади дигар ҳам буд”, — гуфт ӯ.

Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, зоҳиран қабри дастаҷамъӣ дар рустои Бахшихели вулусволии Рухаи Панҷшер аст, ки як ҳафтаи қабл кашф шуда буд. Ин танҳо гӯри дастаҷамъист, ки то алҳол расман таъйин ва санад шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Все комментарии

Станьте первым, кто оставит свой комментарий.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.