Маълум шуд, ки ҷашни Тиргон кай ва дар куҷо таҷлил мешавад

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 25-уми июн дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад.

Ба гузориши манбаъ, дар ин ҷашн маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зардолу ва хушкмеваҳои кишвар, навъҳои зироати кишоварзӣ ва дастовардҳои илмии кишоварзон ба намоиш гузошта мешавад.

Дар охири чорабинӣ тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳаи кишоварзӣ низ пешбинӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рӯзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *