Мандати депутатии Давлат Сафарзодаро гирифтанд

Ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи Душанбе аз ҳавзаи интихоботии рақами 8, Сафарзода Давлат Шариф пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, далели қатъи ваколатҳои Сафарзода таъйинаш ба мақоми нав мебошад. Президент қаблан Давлат Сафарзодаро, ки роҳбарии нашриёти «Адиб»-ро ба уҳда дошт, ба мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин намуда буд.
Маҷлиси вакилони халқи Душанбе инчунин ваколатҳои вакил аз ҳавзаи интихоботии рақами 58, Файзуллозода Хуршед Мирзоро қатъ кардаанд. Далелаш таъйин ба мақоми муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфта шуд.


Хуршед Файзуллозода қаблан роҳбарии муассисаи давлатии «ТВ Варзиш»-ро ба уҳда дошт.
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои иваз кардани вакилони номбурда дар ҳавзаҳои интихоботии рақами №8 ва №58 санаи 28 ноябри соли 2021 интихобот баргузор мешавад.
Дар ин робита Комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *