Мансаби нави духтари президент дар дастгоҳ
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев духтараш Саида Мирзиёеваро роҳбари бахши иртиботот ва сиёсати иттилоотии Дастгоҳи иҷроияи президент таъйин кард.
Сохторе, ки онро духтари президент роҳбарӣ мекунад, ба омӯзиши афкори ҷамъиятӣ ва сиёсати иттилоотӣ равона шудааст. Мирзиёева ҳамчунин раванди амалишавии ислоҳотро дар бахши иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маориф назорат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Саида Мирзиёева духтари калонии президенти Узбекистон аст. Ӯ аз соли 2019 то 2022 муовини Агентии иттилоот ва иртибоботи назди дастгоҳи президент буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ