Мансурҷон Умаров: Ҳамла ба Раҳматуллои Раҷаб овоза аст ва асосе надорад
Дар сурате ки раиси Идораи маҳбасҳои Тоҷикистон ҳамла ба Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро рад кард, пайвандонаш ба дурустии он шубҳа доранд.
Расонаҳои наздик ба мухолифони тоҷик дар хориҷа рӯзи 2-юми октябр бо такя ба манобеи худ гузориш доданд, ки ба Раҳматуллои Раҷаб “кӯшиши ҳамла бо корд сурат гирифтааст”.
Раҳматуллои Раҷабро дар зиндони шаҳри Ваҳдат нигоҳ медоранд.
Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин овоза аст ва асос надорад».
«Пайвандонаш метавонанд, ба зиндон раванд ва аз ҳолаш бохабар шаванд. Мутмаин гарданд, ки ӯ саломат аст», — афзуд ӯ.
Яке аз пайвандони Раҳматуллои Раҷаб 4-уми октябр гуфт, онҳо ба аёдаташ ба маҳбас рафтанд, вале танҳо телефонӣ суҳбат кардаанд.
Онҳо мегӯянд, ки “Ӯ хеле боэҳтиёт суҳбат мекард. Гуфт, ки ҳеч ҳамла нашудааст, саломат аст, вале боэҳтиёт гап мезад. Ба монанди он ки касе дар болои сараш буд. Ба ҳар ҳол, хотирамон ҷамъ нест», — гуфт яке аз пайвандони Раҳматуллои Раҷаб.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ