Манзилҳои дар пайи муноқишаҳои марзӣ харобшуда чӣ ҳол доранд? Раиси Исфара шоҳид шуд
Субҳи имрӯз раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз манзилҳои истиқоматие, ки бар асари муноқишаи марзии охири моҳи январ рухдода дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркуҳ ва Сурх хароб гардида буданд, боздид кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара, дар ин боздид ва мулоқот бо сокинони зарардида раиси шаҳрро намояндагони сохторҳои марбута ҳамроҳӣ доштанд.
Зимни мулоқот шаҳрдори Исфара вазъи кунунии хонаҳои истиқоматиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо соҳибони онҳо вобаста ба оқибатҳои зарари расида суҳбатҳо анҷом додааст. Таъкид карда шудааст, ки вазъи сарҳадот ва манотиқи марзӣ ҳамеша мадди назари роҳбарияти кишвар, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Гуфта шудааст, ки баҳри таъмини осоиштагии мардум ва ҳалли мусолиҳатомези мушкилот аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда хоҳад шуд. Зимни мулоқот инчунин вобаста ба оқибати ин муноқишаҳо ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии онҳо изҳори назар карда шуда, раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода аз сохторҳои марбута дархост ба амал овардааст, ки дар ҳалли мушкилоти аҳолӣ кумакҳои худро дареғ надоранд.
— Дар навбати худ сокинони ҷамоатҳои деҳоти Чоркуҳ ва Сурх таъкид доштанд, ки руҳафтодаву ноумед нестанд ва бовар доранд, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат мушкилиҳои ҷойдошта ҳалли худро хоҳанд ёфт,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ