Манзили гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик дар Маскав оташ гирифтааст (видео)
Дар шабакаи Интернет наворе нашр шуд, ки дар он оташ гирифтани манзили муҳоҷирони тоҷик дида мешавад.
Ба гуфтаи соҳиби навор, ҳодиса субҳи 5-уми июн дар шаҳраки Сергиев-Посади пойтахти Русия рух дода, 4 вагон ва хобгоҳи онҳо пурра сӯхтааст. Муҳоҷирон тавонистаанд наҷот ёбанд, вале чизу чораи онҳо, аз ҷумла ҳуҷҷатҳову либосҳояшон ба коми оташ рафтааст.
“Сари вақт ба хадамоти оташнишонӣ хабар додем, вале касе ба ёрӣ наомад”,- гуфтааст яке аз муҳоҷирон.
Дар навор дида мешавад, ки муҳоҷирон ба танҳоӣ талош доранд сухторро хомӯш кунанд. Мақомоти Русия то ҳол нисбати ин ҳодиса вокунише нишон надодаанд. Сабаби сӯхтор низ маълум нест.
Мақомоти Русия маъмулан дар сӯхтор худи муҳоҷиронро гунаҳкор медонанд. Муҳоҷирон дар навбати худ мегӯянд, ки бо айби корфармоён аз шароити оддии зиндагӣ маҳрум шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ