Ғайбулло Афзалов профессори Донишгоҳи давлатии Данғара шуд

Ба Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси вилояти Хатлон ва ҳоло раиси Шӯрои куҳансолони ҷамъияти ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон унвони пофессори фахрии Донишгоҳи давлатии Данғара супорида шуд.

Ин унвони ифтихориро ба Ғайбулло Афзалов ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот дар  ҳамоиши илмӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон супорид. Дар ин ҳамоиш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин  ва дигар масъулини мақомоти ҳудуди вилоят ва меҳмонон низ ширкат доштанд.

Бино бар иттилои Муҳаммад Шораҳимзода, ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара, ҳамоиши илмӣ-назариявии вилоятӣ таҳти унвони «30 соли рушди пояндагии Истиқлол-самараи ваҳдату якдилӣ» дар Донишгоҳи давлатии Данғара 3-юми сентябри соли равон доир гардид.

“Дар рафти конференсия аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара бо назардошти таҷрибаи бузурги роҳбарӣ ба собиқадори меҳнат, раиси Шӯрои куҳансолони ҷамъияти ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муаллифи якчанд китобҳои дорои мазмуни ватандӯстӣ, меҳаншиносӣ Ғайбулло Афзалов барои татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Данғара дода шуд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби ҳозирин ва Шӯрои олимони донишгоҳ якдилона пазируфта шуд. Ҳамчунин, ба шарафи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ фаъолон, адибон, чеҳраҳои сиёсӣ барои саҳми арзанда дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Чунин қадршиносии собиқадорони меҳнат, фаъолон ва зиёиёни эҷодкор ба онҳо рӯҳу илҳом ва нерӯи тоза мебахшад”,-гуфт Шораҳимзода.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва ҳайати меҳмонон аз намоишгоҳи китобҳои тозанашри устодони Донишгоҳи давлатии Данғара, маркази таҳсилоти фосилавӣ ва идораи грантҳо, инчунин аз намоиши соҳаҳои аграрӣ, сохтмони деҳот, зебосозии шаҳр ва дизайну рассомӣ дидан намуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.