Қудрат Давлатзода бо ректори Донишгоҳи Индаси Покистон вохӯрд

Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Душанбе бо Халид Амин Шайх, ректори Донишгоҳи Индаси Покистон  мулоқот карданд.

Тавре аз раёсати донишгоҳи мазкур хабар доданд,  17 сентябри соли равон дар доираи баргузории нишасти сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ректори Донишгоҳи Индаси Покистон Халид Амин Шайх ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ташриф овард.

Дар ин росто, мулоқоти Қудрат Давлатзода бо Халид Амин Шайх баргузор гардид.

Ду ректор ҳамкории дуҷонибаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи Индасро  баррасӣ кардаанд.

“Аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои татбиқи минбаъдаи муқаррароти Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи Индаси Покистон, ки  2 июни соли ҷорӣ дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расид, тасдиқ карданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки  соли равон аз таъсиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад  Осимӣ 65 сол пур мешавад. Донишгоҳи мазкур бо иқтидори бузурги кадрӣ ва моддию техникӣ дар самти омода кардани  кадрҳои муҳандисию техникӣ ва иқтисоддонҳои соҳавӣ мавқеи калидӣ дорад.  

Ҳоло дар ин муассисаи олӣ  аз рӯи самтҳои энергетика, технологияҳои инноватсионӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту роҳсозӣ, иқтисодиёти соҳавӣ муҳандисон,  технологҳо ва менеҷерони соҳавӣ  омода карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *