Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҷайҳун: Сохтмони мактаб дар 13 сол ба охир намерасад

Бунёди муассисаи таълимии муосир барои 620 хонанда дар ноҳияи Ҷайҳун ҳанӯз дар соли 2007 оғоз гардида буд, вале бо гузашти 13 сол аз замони оғози корҳои сохтмонӣ, мутаассифона, сохтмони иншооти мавриди назар ҳанӯз нотамом боқӣ мондааст.

Саъдуллозода Абдулвоҳид, сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон, мегӯяд, бо сабаби пурра маблағгузорӣ нашудан сохтмон ба охир намерасад. “То имрӯз барои ин иншоот беш аз 12 миллион сомонӣ харҷ шудааст. Барои пурра бо охир расонидани сохтмон зиёда аз 9 миллион сомонии дигар лозим аст”, – афзуд вай.

“Асосан ин иншоот аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешуд. Бо сабаби барои мо номаълум маблағгузории идомаи корҳои сохтмонӣ ба вилояти Хатлон вобаста шуд. Соли 2020 ба Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат мактуб кардем, то барои идома ёфтани корҳои сохтмонӣ мусоидат кунанд. Қарор буд, ки  иншооти мавриди назар соли 2021 ифтитоҳ мешавад” – гуфт, номбурда.

Холмаҳмад Одинаев, сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳанӯз соли 2020 дар як суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Тоҷикистон” анҷоми корҳои сохтмониро дар муассисаи таълимӣ соли 2023 гуфта буд. Ӯ таъкид карда буд, ки аз соли 2007 то соли 2020 барои идома додани корҳои сохтмонӣ дар иншоот беш аз 11 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Ихтисоси боз 10-миллион сомонӣ дигар то ба охир расонидани сохтмон дар назар аст, – таъкид кард вай.   

Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун дар нишастҳои матбуотӣ ба такрор таъкид мекунад, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар Ҷайҳун ягон муассисаи таълимӣ аз сифр бунёд нашудааст. Ӯ ахиран дар нишасти матбуотӣ, ки рӯзи 17 феврали соли равон, баргузор гашт гуфт, соли 2021 дар буҷети вилояти Хатлон барои идомаи сохтмони мактаб маблағи муайян пешбинӣ шудааст. Соли 2022 муассисаи таълимӣ пурра мавриди ситифода қарор мегирад,-таъкид кард вай.  

Аммо аз Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон гуфтанд, ки феълан дар ҳудуди вилоят 28 иншооти таъиноти гуногун мавҷуд аст, ки даҳсолаҳо боз сохтмонашон ба охир намерасанд. Таъхир дар корҳои сохтмонӣ ба сари вақт ҷудо нашудани маблағ вобаста будааст. Муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ҳам ба ҳамин рӯйхат шомил аст ва ҳанӯз кадом сол ифтитоҳ мешавад маълум нест.

 Машраби Аловиддин, “Тоҷикистон”  

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.