5 мушкили илмҳои дақиқ

Суҳбат бо барандаи медали тиллои  Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Зумрад Ғайбуллоева

Олими тоҷик Зумрад Ғайбуллоева чанде пеш барои кори илмии беҳтарин ва дар амал татбиқ намудани ихтироот, саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар, бо медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) қадрдонӣ шуд. WIPO дар Женева ҷойгир буда, зиёда аз 193 давлати ҷаҳон ба он шомил мебошанд.

-Муаллима, дар ибтидо шуморо барои шарафёб шудан ба медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ табрик мегӯем. Ин чӣ медал аст ва чӣ гуна як зани тоҷик онро соҳиб шуд?

-Пеш аз ҳама, заминаи ҳамаи дастовардҳоямро аз мактаб медонам. Зеро замони мактабхонӣ ба фанҳои дақиқ ва ихтироъкорӣ завқ доштам. Мактаби рақами 53-и пойтахт хеле пурқувват буд. Фанҳои физика, химия, математикаро муаллимҳои беҳтарин таълим медоданд. Муассиса дорои озмоишгоҳ низ буд. Мактабро бо баҳои аъло хатм карда, хеле осон ба таври суҳбат шомили Институти политехникии Тоҷикистон шудам ва онро низ бо дипломи аъло хатм намудаам. Аз устодони беҳтарин таълим гирифтам. Дар институт ҳам озмоишгоҳҳои беҳтарин буданд ва мо донишҷӯён ҳамроҳи устодон кор мекардем. Дар давраи донишҷӯӣ аввалин устоде, ки ба корҳои илмӣ моро даъват намуда буданд,  доктори илмҳои техникӣ, профессор Ҳайдар Қурбонов мебошанд. Мо таҷрибаи зиёдро дар озмоишгоҳҳои донишгоҳ, дар самти коркарди металлҳо бо роҳбарии устод гузаронда, якчанд мақолаҳои илмӣ аз рӯи  натиҷаҳои гирифта ба чоп расонда будем.  Мутаассифона, устоди мо Ҳайдар Қурбонов қурбони ҷанги шаҳрвандӣ шуданд.

Пас аз хатми донишгоҳ  кори илмиамро таҳти роҳбарии  доктори илмҳои кимиё, профессор, академик  Ӯлмас Мирсаидов давом додам. Устод дар Институти химияи Академия улуми Тоҷикистон маро хуб пазируфтанд ва дар яке аз озмоишгоҳҳояшон кор мекардаму таҷриба мегирифтам. Ҳамин таҷрибаи илмӣ буд, ки аввал  рисолаи номзадӣ ва баъдан рисолаи докториамро дифоъ кардам. Дар чанд донишгоҳи бонуфузи ҷаҳон таҷриба андӯхта, ҳоло дар  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолият менамоям. 

-Ин медал чӣ гуна ба даст омад?

-Маро ба Маркази миллии патенту иттилоот даъват карда, гуфтанд, ки озмун баргузор мешавад, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва намунаҳои ихтироотро пешниҳод намоям. Ростӣ, дар арафаи дифои рисолаи докторӣ будам, ба онҳо посухи рад додам, ки вақти ҷамъоварии ҳуҷҷатҳоро надорам. Аммо бисёр хоҳиш карданд, ки патентҳои АвруОсиё доред, натиҷаҳои зиёди мусбӣ доред, ҳуҷҷатҳоятонро супоред. Ба низомномаи озмун нигоҳ карда, ҳуҷҷатҳоро супурдам. Дар маҷмӯъ, 51 довталаб бо фарогирии 117 кори тадқиқотӣ ҳуҷҷат супурдаанд. Барои ин комиссия аз байни коршиносон вобаста ба соҳаҳои мухталиф таъсис ва ҳар як корро омӯхтаанд. Дар натиҷа 14 ихтирооти маро коршиносони  Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO)  омӯхта, бо  ҷоизаи тилло қадрдонӣ намуданд. Умед надоштам, ки  кори ман  сазовори баҳои баланд мешавад. Вақте ки ба номи ман ҷоиза тасдиқ шуд, шодии дӯстону ҳамкорон ва пайвандонро ҳадду канор набуд.

— Барои як зани тоҷик, ки бори вазнини зиндагӣ бар дӯшаш аст, магар соҳиби ин қадар дастовард шудан мушкил нест?

-Дилхоҳ мукофоти баландро ба даст овардан барои зан хеле мушкил аст. Мардҳо шабурӯз кор мекунанд, онҳо  талош мекунанд, ки натиҷа ба даст оранд, шогирд омода созанд, китоб нависанд, кори илмӣ кунанд. Барои зан, махсусан соҳиби фарзанду набера, душвор аст, зеро ҳар бегоҳ бояд хӯрок тайёр кунад, хонаро тамиз созад, шустушӯ кунад, бо фарзандон дарсҳои мактабиро иҷро кунад ва ғайра… Вале ба хулосае омодам, ки зани тоҷик ба ҳама кор қодир аст. Метавонад оиларо саришта кунад, фарзанди хуб тарбия кунад ва ҳам дар ҷомеа мақом пайдо созад. Фақат талошу кӯшиш ва амал зарур аст.

Соли 1999, дар Донишгоҳи Брунели Британияи Кабир чанд муддат таҳсил доштам. Дар ин донишгоҳ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шудам. Солҳои баъди ҷанг буд, тарс доштам, ки  чӣ гуна як зани тоҷик ба як давлати пешрафтаи ҷаҳон меравад. Ҳарос аз он доштам,  вақте ки ба фурудгоҳ мефароям,  чӣ хел гап мезанам ва ба куҷо меравам, чунки бо забони англисӣ пурра гап зада наметавонистам. Аммо ҳаракат кардам, вақте вориди муҳити корӣ шудам, дидам, ки аз касе камӣ надорам. Мо тоҷикон қодир ҳастем, ки баробари дигар миллатҳо бошем, фақат дастгирӣ ва муҳити солими фаъолият лозим аст.

-Шумо муаллифи 120 мақолаи илмӣ, 18 ихтироот, 6 патенти АвруОсиё хастед. Самти пажӯҳиши Шумо  кадом  аст?

— Ҳоло дар кишвар ҳадафи 4-уми миллӣ  — саноатикунонии босуръати иқтисодиёт эълон шудааст. Бояд мо Тоҷикистонро аз бунбасти иқтисодӣ раҳо бахшем.  Бо сабабе, ки кӯҳҳои Тоҷикистон пури маъдан ҳастанд, самти пажӯҳиши  мо коркарди маъдан мебошад. Аз таркиби маъдан бо тарзу услубҳои навини технологӣ ҳар гуна металлҳо ва унсурҳои фоидаоварро ҷудо мекунем. Металлҳои аз маъдан ҷудошударо  метавон ба бозори ҷаҳонӣ бо нархи чандин маротиб зиёд аз арзиши худи маъдан фурӯхт ва даромади зиёди иқтисодӣ гирифт. То ҳозир  дар Тоҷикистон зиёда аз 500 кони маъданҳои кӯҳии муайян кашф шудаанд.  Конҳои “Мансур”, “Зарнисори Шимолӣ”, “Пай Булоқ”, “Майхура”, “Ҷиҷикрӯд”, “Мушистон”, “Реват”, “Чокадамбулок”, “Чоре”, “Хирсхона” аз ин қабиланд, ки аз металлҳои ранга ва сиёҳ хеле бой ҳастанд.  Ангиштсангро на фақат бояд ҳамчун манбаи гармӣ истифода кунем, балки метавон коркард карда, моддаҳои  химиявии таркиби онро низ  истифода барем. Як ҷузъи таҳқиқоти  илмии мо  коркарди технологияи комплексии бепартови   истифодаи ангишт мебошад, ки татбиқи он дар истеҳсолот имконият медиҳад ҳам аз ангишт, дар натиҷаи сӯзиши он гармӣ гирем ва ҳам ҳамаи моддаҳои таркиби он ва дар раванди сӯзиши он ҳосилшавандаро ҷудо карда гирем ва барои истеҳсоли дигар намуд маводҳо истифода барем. Он гоҳ ҳам фазои муҳити сӯзиши ангишт тоза мемонаду ҳам ҳамаи ҷузъҳои таркиби он ва моддаҳои пас аз сӯзиш ҳосилшаванда истифода мешаванд.  Ҳамаи компонентҳои таркиби ангишт моддаҳои кимиёвии дар соҳаҳои гуногун истифодашаванда ҳастанд, бинобар он мо бояд онҳоро бо истифодаи технологияҳои муосир ҳамчун маводи фоиданок ҷудо карда истифода барем.   Барои чӣ ҷопониҳо ё чиниҳо ин корро карда метавонанд, мо не? Ин аз як тараф ба рушди иқтисодиёт сабаб шавад, аз ҷониби дигар, ба тозагии муҳити зист мусоидат мекунад. 

-Ихтирооти шумо дар корхонаҳои мо истифода мешаванд?

-Масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон моро даъват карданд. Барояшон  ихтирооти худро рӯнамоӣ кардем. Корхонаҳои марбут ба  вазоратро уҳдадор  карданд, ки азбаски технологияҳои пешниҳоднамудаи мо барои истифодаи босамари ангишт ва коркарди маъданҳо камхарҷ ва аз нигоҳи экологӣ муфид ҳастанд, онҳоро дар истеҳсолот истифода баранд. Аллакай дар бархе аз корхонаҳои каркарди маъдан дар вилояти Суғд қисме аз пешниҳодҳои мо амалӣ ҳастанд.  Инчунин, ба маркази гармидиҳии шаҳри Душанбе баъзе тавсияҳо оид ба истифодаи комплексии ангишт дода шудаанд.  

Зиндагинома

Зумрад Ғайбуллоева. Зодаи шаҳри Душанбе ва хатмкардаи  Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ). Дорандаи медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ. Соли 1993 соҳиби унвони илмии номзади илмҳои химия ва соли 2020 рисолаи докториашро ҳимоя карда, соҳиби унвони доктори илмҳои техникӣ гардидааст. Солҳои 2002- 2004 декани факултаи “Технологияи химиявӣ ва металлургия”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ,  2004-2008 ба ҳайси муовини вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон кор кардаааст. Муаллифи 120 мақолаи илмӣ, 18 ихтироот, 6 патенти АвроОсиё мебошад.

-Шумо ба ду насли муҳассилини донишгоҳ таълим додаед: шӯравӣ ва имрӯз. Тафовути аз худ кардани илмҳои дақиқро  аз тарафи ду насл дар чӣ мебинед?

-Ҳар замон одамони худро дорад. Замони шӯравӣ мо дар Китобхонаи миллӣ менишастем. Дар хобгоҳи донишҷӯён шабҳо то дер машғули иҷрои лоиҳаҳои курсӣ ва ҳалли масъалаҳои фанҳои  тахассусӣ  будем. Мо донишҷӯёне будем, ки баҳои 5-ро ҳақиқӣ мегирифтем. Барои баҳои аъло арақи ҷабин мерехтем. Дар замони имрӯза  барномаҳои нав рӯи кор омадаанд. Дар чанд соат метавонед  кори курсӣ нависед. Дар китобхона нишастанро, дигар  ҳоҷат намондааст. Зеро дар интернет тамоми масъалаҳо ва адабиёт мавҷуд аст. Аммо ба андешаи ман, барои омӯхтани илмҳои дақиқ ҳоло мо тайёр нестем. Ҷавонҳо мехоҳанд, ки ҳаёти осон дошта бошанд. Аммо дар илми дақиқ осон кор ба даст намеояд. Маош кам, кор душвор аст. Барои мутахассис шудан вақту меҳнат лозим аст. Аммо ҷавонҳои ҳозира мехоҳанд, ки осон пул ба даст оранд. Пайваста ба шогирдон мегӯям, ки биёед, ҳамин корро анҷом медиҳем, натиҷа хоҳад дод. Барои коркарди  як ихтироъ ё дарёфти натиҷаи илмӣ  4 то 5 сол кор кардан мебояд, вале ҷавонон таҳаммулпеша нестанд.

-Умуман, таваҷҷуҳи насли имрӯз ба омӯхтани илмҳои дақиқ чӣ гуна аст?

-Ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бачаҳои лаёқатманд меоянд. Донишҷӯёни тасодуфиро низ во мехӯрем. Дар баҳсҳои илмӣ- амалӣ бархе аз донишҷӯен фаъоланд, онҳо таваччуҳ доранд, ки дар конфронсҳои илмӣ баромад кунанд, вале дар умӯм муҳити омӯзиши илмҳои дақиқ коста мебошад. Муҳити илмомӯзии солҳои шӯравӣ алҳол ба нестӣ рафтааст.

-Омӯзгори сахтгир ҳастед?

-Не. Бо  калтак хирс мулло намешавад. Дар баҳогузорӣ ҳам сахт нестам, тавсия медиҳам, ки бештар хонанд, мулоим суҳбат мекунам. Мебинам, ки бачаҳо хеле хурсанд мешаванд. Дар ин шабу рӯз баъзан донишҷӯён нисфирӯзӣ дуруст хӯрок намехӯранд, азбаски дар басти дуюм дарс медиҳам, инро хуб эҳсос мекунам.

-Чанд нафар таҳти роҳбарии шумо рисолаи илмӣ дифоъ карданд?

— Умуман, дар давоми фаъолияти омӯзгориам садҳо шогирданро тарбия намудаам. Шогирдам Ғолибшоҳ Насимов  дар КОА-и Россия ҳимоя кард,  ҳоло муаллими Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад. Натиҷаи таҳқиқоти  Ғолибшоҳ Насимов  соли 2020  дар Ҳиндустон  сазовори баҳои баланд гардида, дар байни намояндагон аз 102 давлати ҷаҳон бо медали тилло сарфароз гардонда шуд.  Ду шогирди дигарам дар ҳоли дифои рисолаи номзадӣ ҳастанд.

 -Барои тавфиқ ёфтани як олим чӣ лозим?

-Шароити моддӣ ва сабр.  

-Шумо рисолаи номзадиатонро дар солҳои вазнин, яъне соли 1993 дифоъ кардед. Душвор набуд?

-Ниҳоят вазнин буд. Соҳиби ду фарзанд будам. Дар Институти химия, ки дар маҳаллаи  9-уми шаҳр воқеъ аст, кор мекардем. Як вақт асир ҳам афтодем.  Мухолифин бинои институтро иҳота карда гирифтанд, аз назди лаборатория дур рафта наметавонистем, зеро ҳанӯз натиҷа ба даст наомада буд. Мо бо газҳои гидрогенӣ  кор мекардем, агар мегурехтем, таркиш ба амал меомад. Металҳо хосияташонро зуд вайрон мекунанд. Агар мегурехтем, заҳмати чандвақтаамон нобуд мешуд. Шукр, ки муҳофизони институт моро муҳофизат карда, гапзанон карданд… 

-Метавонед 5 мушкилоти илми тоҷикро дар риштаи дақиқ номбар кунед?

Якум, нарасидани озмоишгоҳҳои ба талабот ҷавобгӯ. Таҷҳизоти дар таҳқиқоти илмӣ истифодашаванда, хеле фарсуда шудаанд. Агар асбобҳои замонавӣ бошанд, натиҷаро зуд ва шаффоф мегиред.

Дуюм, аз ҷиҳати моддӣ таъмин набудани муҳаққиқон дар риштаи илмҳои дақиқ.

Сеюм, тоқат накардани шогирдон, ки ҳам бастагӣ дорад ба мушкили иқтисодӣ. Шогирдони мо як сол кор мекунанд, бинобар тангдастӣ ба Русия барои кор мераванд. Ҷонибдори пешрафти илм ҳастанд, аммо бо 800-900 сомонӣ имкони таъмини оилаашонро надоранд. Ҳатто бо дипломи аъло хатм мекунанду маҷбуранд ба муҳоҷират раванд. Ин гуна бачаҳои болаёқати мо зиёд рафтаанд. Ниҳоят кори илмӣ дар миён мемонад. 

Як мисол меорам. Вақте дар Малайзия будам, гуфтанд, ки маоши омӯзгорон дар ин мамлакат аз маоши аъзои маъмурони ҳукуматӣ, вакилон ва дигар соҳибмақомон зиёд аст. Бинобар он маоши муаллимон ва кормандони илмӣ хеле бояд баланд бошад. Ҳар кас муаллим  ва таҳқиқотчии илмӣ шуда наметавонад.

Чорум, риоя нашудани адолат. Вақте ки як одами бедониш ҳамроҳи шумо кор мекунаду ҳамчун парранда давоми 1-2 сол ба унвонҳои баланд сазовор мешавад, афсӯс мехӯред. Талошу омӯзиш чӣ лозим? Ана, соҳиби ҳама чиз  мешудааст-ку. Чунин фикрҳо дар зеҳни ҷавонон пайдо мешавад.

Панҷум, адабиёти илмӣ ба забони тоҷикӣ намерасад. Аксарият ба забони русӣ ва англисӣ аст, ки донишҷӯёни мо  бо сабаби забондон набуданашон сахт азият мекашанд. Зеро бештари онҳо забони русиро балад нестанд. Дар мактаб амиқ наомӯхтанд.

— Дар бораи оилаву фарзандонатон донистан мехоҳем…

-Падар ва модарам аз оилаҳои маорифпарвар ва соҳиби маълумоти олӣ буданд. Донишгоҳи техникии ш. Москваро хатм карда буданд.  Ба мо 6 нафар фарзандонашон маълумоти хуби олӣ додаанд. Модарам Самиева Равза  омӯзгор буданду падарам  Ҳабибулло Ғайбуллоев дар  мақомоти давлатӣ фаъолият доштанд. Ҳамеша мо – фарзандонро ба хондан талқин ва  роҳи рост ҳидоят мекарданд. Падарам олим ҳам буданд.

Ман хеле барвақт дар синни 32 — солагӣ бе шавҳар мондам. Шавҳарам дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти силоҳбасбадастон ба ҳалокат расиданд. Саробонии фарзандон ба зиммаи ман гузашт. Онҳоро ба воя расонда, соҳиби касбу ҳунар гардондам. Баъди гирифтани медали тилло фарзандон фахр доштанд, ки боз соҳиби медали навбатӣ гаштам. Дар посух ба онҳо гуфтам, ки  фақат ба роҳи рост равед, заҳмат кашед, самараашро мебинед. Коре кунед, ки обрӯ дошта бошед. Дигар Худованд ҳамаашро насиб мегардонад.

Мусоҳиб  Усмон Раҳимзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.