6 моҳ ба ҷойи 11 сол. Чаро дар мактаби миёна забони хориҷиро ёд намегиранд?

Ба таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз аксарият барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ талош меварзанд. Яке дар назди муаллим инфиродӣ сабақ меомӯзад, дигаре ба курсҳои махсус мешитобад, нафари чорум дар вебинарҳо ширкат мекунад, панҷум машғули омӯзиши онлайнист… Аммо чаро толибилмон дар мактаби миёна забон ёд намегиранд?

Шикваи волидайн

“Баъд аз тамом шудани дарсҳо  фарзандонамро ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ додам. Рости гап нархҳо баланд, вале илоҷ надорем. Аз аввал кӯдаконро дар мактаби хусусӣ мехонондем, шояд забонро нағз ёд мегирифтанд…”

Ҷавонзане чунин шиква мекард ба дугонааш дар нақлиёти ҷамъиятӣ. Ман ки шоҳиди ин гуфтугӯ будам ба андеша рафтам.

Воқеан, чаро муҳассилини мактабҳои миёна дар 11 соли таҳсил ба таври бояду шояд забонҳои хориҷиро аз худ намекунанд?

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар мактабҳои миёна ба се далел омӯхтани забони хориҷӣ имконнопазир аст:

  1. Норасоии омӯзгорони соҳибихтисос;
  2. Кам будани соатҳои дарсии забонҳои хориҷӣ;
  3. Методи таълим.

“Ҳарчанд, дар яке аз мактабҳои беҳтарини шаҳр таҳсил мекунам, аммо бо вуҷуди ин, барои омӯхтани забони англисӣ ба маркази хусусӣ меравам. Зеро дар мактаби миёна 11 сол таҳсил карда, забони англисиро наомӯхтам, вале дар маркази забономӯзӣ дар 5 моҳ бо англисӣ суҳбат мекунам” – мегӯяд, Мирзо, ки соли равон хатмкунандаи мактаб аст.

Мирзо дар пойтахт зиндагӣ мекунад. Акнун шумо тасаввур кунед, ки дар деҳаҳо чӣ мушкилӣ ҳаст?

Таҷрибаи “Oxford” ва “Cambridge”

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе мактаби бритониёии Академияи Кембриҷ (Cambridge Wordwide Academy) ба фаъолият оғоз кард. Дар ин мактаб таълим пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорон дар ин муассиса аз Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба хонандагон таълим медиҳанд. Методи таълим дар ин мактаб хеле пешрафта аст. “Cambridge”-и Душанбе хеле ҷавон аст, вале аз суҳбат бо хонандагони ин мактаб маълум мешавад, ки аксари онҳо забони англисиро дар сатҳи баланд балад ҳастанд.

Сироҷиддин яке аз хонандагони ин мактаб мегӯяд, ки барои омӯхтани забон аз 5 моҳ то як сол кифоя аст.

Феълан дар шаҳри Хуҷанд, бо ибтикори соҳибкор Саидмурод Давлатов Мактаби “Oxford” бунёд шуда истодааст, ки дар он низ таълим пурра бо забони англисӣ ва дар доираи талаботи  Британияи Кабир ба роҳ монда мешавад…

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки феълан дар муддати то як сол ва аз он бештар як забони хориҷиро омӯхтан имкон дорад. Барои ин даҳҳо метод тарҳрезӣ ва ҷорӣ шудааст, ки марказҳои забономӯзӣ ва мактабҳои пешрафта аз он истифода мебаранд ва муваффақ ҳам мешаванд.

Бинобар ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки дар масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мактабҳо чораҳои ҷиддӣ биандешад ва ба суоле, ки имрӯз мо ба миён гузоштем посух биҷӯяд: Чаро берун аз мактаб дар як сол забон меомӯзанд, вале дар 11 соли таҳсил дар мактаб ҳатто як забони хориҷиро аз худ намекунанд?

Уғулой Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *